Рубрики Хабарҳо

Агрегати якуми НБО Роғун дубора ба кор даромад

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон эълом кард, ки агрегати якуми неругоҳи барқи обии Роғун дубора ба ҳаракат даромад.

Агрегати якуми  неругоҳи барқи обии Роғун пас аз 40 сол аз замони оғози сохти он 16 ноябри соли 2018 ба баҳрабардорӣ расид, вале ҳамагӣ ду моҳ кор накарда,  дар охирҳои моҳи феврали соли 2019 аз кор монд.

Дар ин бора аз аввалинҳо шуда Паём хабар дода гуфта буд, ки бо иллати дучор шудан ба садама агрегати якуми НБО Роғун аз кор монд. Аммо Мақомоти Тоҷикистон иллати ин иқдомро фаннӣ унвон карданд, ки муҷиби сару садои зиёде дар фазои маҷозӣ шуд.

Гуфта мешавад, ки ин турбин аз замони роҳандозӣ дар 16 ноябри соли 2018 то охирҳои феврали соли 2019 беш аз 90 миллион киловат соат барқ тавлид кардааст.

Ҳукумати Тоҷикистон, қаблан эълом карда буд,  ки агрегати дуввуми неругоҳи барқи обии Роғун моҳи апрели соли 2019  мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт, аз чи бошад, ки акнун эълом кард,  агрегати дуввуми ин неругоҳро моҳи сентябри имсол ба баҳрабардорӣ хоҳад расонд.

Дар ҳамин ҳол Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон аз ихтисоси 226 миллион доллар аз будҷети давлати кишвар барои идомаи сохти неругоҳи барқи обии Роғун хабар доданд.

Неругоҳи Роғун бо садди хокии 335 метрӣ ва зарфияти тавлиди 17 миллиард киловат соат барқ дар сол, бузургтарин тарҳи барқи обии минтақа аст.

Дар сурати баҳрабардорӣ аз шаш агрегати неругоҳи барқи обии Роғун ҳар як бо зарфияти тавлиди 600 мегават барқ дар сол, Тоҷикистон на танҳо аз буҳрони камбуди барқ хориҷ мешавад балки тавони афзоиши содироти барқ ба хориҷро низ хоҳад ёфт.

Гуфта мешавад, ки сохти ин неругоҳ дар соли 2033 ба поён хоҳад расид. Аммо бо ба чашм расидани фасодкориҳо дар сохтмони ин иншооти муҳими кишвар, метавон тахмин зад, ки сохтмони ҳар як агрегат  бо чунин кашолкориҳо ва мушкилоти ба таври сунъӣ эҷодшуда, ба солҳои зиёд тул хоҳад кашид.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *