Рубрики Хабарҳо

Узбекистон соле 250 ҳазор автомобил истеҳсол мекунад. Тоҷикистон чи?

Зимни сафари президенти Олмон Франк-Валтер Штайнмайер ба Узбекистон сарони ин ду кишвар ба мувофиқа расиданд, ки дар Узбекистон корхонаи муштараки истеҳсоли автомобилҳои тамғаи Volkswagen — ро ба роҳ мемонанд.

Дар ин бора маркази матбуотии президенти Узбекистон хабар дод, ки президенти Олмон Франк-Валтер Штайнмайер рӯзи 28-уми май бо президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев чанд созишнома, аз ҷумла созишномаи истеҳсоли автомобилҳои тамғаи Volkswagen дар Узбекистонро имзо карданд.

Бояд қайд кард, ки пеш аз ин ҳам ширкати Volkswagen дар Узбекистон автомобил истеҳсол мекард, аммо танҳо ду модели универсалӣ. Акнун бошад, тибқи созишномаи нав моделҳои гуногуни ширкати истеҳсолгари автомобилҳои Volkswagen дар Узбекистон истеҳсол хоҳад шуд.

Гуфтанист, Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар истеҳсоли автомобил, дар миқёси Иттиҳоди давлатҳои мустақил баъди Русия буда, дар байни кишварҳои Осиёи марказӣ дар ҷои аввал меистад. Рейтинги Ӯзбекистон дар байни 37  кишвари истеҳсолгари автомобил, дар ҷои 28- ум аст.

Дар даврони шуравӣ Ӯзбекистон ба ҷуз як корхонаи тракторбарории Тошканд дигар ягон корхонаи автомобилсозӣ надошт. Аммо сар аз соли 1996 аз истеҳсоли автомобилҳои кореягии тамғаи «» фаъолияти истеҳсолии худро дар ин соҳа оғоз намуд. Айни ҳол Узбекистон бо ширкатҳои  «» ,  ва дигар ширкатҳои автомобилбарорӣ ҳамкории худро ба роҳ монда, дар як сол 250 ҳазор адад автомобил истеҳсол мекунад.

Ин дар ҳолест, ки дар кишвари ҳамсояи Тоҷикистон ҳатто қисмҳои алоҳидаи автомобил истеҳсол намешавад. Моҳи феврали соли гузаштаи 2018, Ширкати муштараки тоҷикиву туркии “AKIA-AVESTO” барои нахустин бор дар Душанбе банду басти автобусҳои мусофирбари тамғаи AKIA-ро шурӯъ кард. Гуфта мешуд, 75 дарсади таҳизоти ин автобусҳо дар Туркия ва 25 дарсади он дар Тоҷикистон банду баст мешавад.

Иқтисоддонҳо мегӯянд сабаби асосии сарфи назар кардани ширкатҳои автомобилбарорӣ ва сармоягузорон аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва адами майли онҳо дар сохтани корхонаҳои муштараки автомобилбарорӣ, ин фасодзадагӣ ва набудани эътимод ба сиёсати иқтисоди иқтисодии ин кишвар мебошад.

Ҳатто ба ин ҳол худи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни вохурияш бо масъулини ниҳодҳои қудратии кишвар чанде пеш ишора карда гуфта буд, фасодкории мансабдорон сабаб шудааст, ки сармоягузорон ба Тоҷикистон руй намеоваранд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *