10 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Урдуғон: Дар долони Зангезур мушкил бо Арманистон нест, бо Эрон аст

Раҷаб Таййиб Урдуғон, раисҷумҳури Туркия изҳор дошт, ки дар сурати кушоиши долони Зангезур Туркия, Озарбойҷон ва Эрон аз тариқи ин ҷода ба ҳам васл мешаванд. 

Раисҷумҳури Туркия ҳангоми бозгашт аз сафари худ ба ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳавопаймо ба саволҳои хабарнигорон дар бораи ҳузури Никол Пашинян, нахуствазири Арманистон дар маросими қасамёдкунии раисҷумҳур дар Анқара ва кушоиши долони Зангезур посух дод. 

Вай изҳор дошт: албатта пазириши даъвати мо аз сӯи Пашинян гоми муҳиме буд. Ба иборати дигар, дар ин марҳала Пашинян бо ғалаба бар монеъаҳои бисёре ва мавзеъи мухолифон дар кишвараш, даъвати моро пазируфт. Дар ин маросим фақат тавонистем бо нахуствазир дидори ҳузурӣ дошта бошем. Дар ин дидор аз посухгӯии сареъи эшон ба ин даъват ташаккур кардем. Аз сӯи дигар, изҳороти онҳо мабнӣ бар ин ки метавонанд тамомияти арзии Озарбойҷон аз ҷумла Қарабоғро ба расмият бишносанд, дорои аҳамият буд. Албатта ба расмият шинохтан таҳаввули муҳимме аст. Аммо ҳамон тавр, ки гуфтед, мавзеъе, ки нисбат ба Пашинян дар Арманистон мегиранд, низ бисёр муҳим аст. То кунун Пашинян дар ин замина ақибгардӣ надоштааст. 

Раисҷумҳур Туркия дар мавриди кушоиши долони Зангезур низ гуфт: бояд гуфт, ки мушкил бо Арманистон нест балки бо Эрон аст. Ба иборати дигар, ду кишваре, ки аксарияти ҷамъияти онҳо мусулмон ҳастанд. Рӯйкарди Эрон дар ин ҷо ҳам Озарбойҷон ва ҳам моро нороҳат мекунад. Дар воқеъ бояд барои онҳо ҳам нороҳаткунанда бошад. Ҳазинаҳое, ки барои ҳар вагон дарёфт мешавад, мутаасифона бисёр-бисёр боло аст. Умедворам ба зудӣ ин мушкилро ҳал кунем. Агар рӯйкарди мусбате ба ин амр доштанд, имрӯз Туркия, Озарбойҷон ва Эрон, чӣ аз тариқи ҷодаӣ ва чӣ аз тариқи релсӣ бо якдигар пайваст мешуданд ва шояд “хатти Пекин — Лондон” низ боз мешуд.

Таҳдид

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *