Рубрики Хабарҳо

Вазорати дифоъи Бритониё: рӯзҳои ахир Русияву Укроин талафоти зиёд додаанд

Бино бар эъломи мақомҳои бритониёӣ, нерӯҳои Русия ва Укроин дар рӯзҳои ахир ва бо оғози амалиёти зиддиҳамлаи артиши Укроин мутаҳаммили талафоти пуршуморе дар ҷабҳаи набард шудаанд. 

Бар асоси омори нави амниятии вазорати дифоъи Бритониё дар рӯзи якшанбе “ҳар ду тарафи набард дар ҷануби Укроин мутаҳаммили талафоти бисёре шудаанд. Ба назар мерасад талафоти артиши Русия ба болотарин шумори худ аз моҳи март ва набарди Баҳмут расидааст.” 

Дар иттилоъияи ин вазорат ҳамчунин омадааст: “дар рӯзҳои ахир даргириҳои сангин дар устони Запороже идома доштааст. Шадидтарин набардҳо дар ғарби устони Донетстк ва атроф Бахмут мутамаркиз шудаанд. Дар ҳамаи ин манотиқ Укроин ҳамчунон ба амалиёти зиддиҳамлаи худ машғул аст ва дар бархе нуқтаҳо пешравиҳои андаке дошта, бо ин ҳол ба назар мерасад амалиёти дифоъии артиши Русия дар ҷануб нисбатан муваафақ будааст.” 

Артиши Укроин дар омордиҳии маъмулии худ дар рӯзи якшанбе дар бораи 24 соати гузашта эълом кард Русия дар шабонарӯзи гузашта 43 ҳамлаи ҳавоӣ, 4 ҳамлаи мушакӣ ва 51 ҳамла аз сӯи сомонаҳои партоби ракети худ анҷом додааст. 

Бар асоси баёнияи ситоди муштараки артиши Укроин, Русия ҳамчунон бар ҳамалоти худ ба таъсисоти санъатии Укроин дар шарқи ин кишвар ба хусус дар атрофи Баҳмут, Маринка ва Лимон дар устони Донетск мутамаркиз аст ва дар ҳоли ҳозир 26 даргирӣ дар ин манотиқ дар ҷараён аст. 

Павло Кириленко, фармондори ноҳияи Донитс аз ҷон бохтани ду ғайринизомӣ ва маҷрӯҳ шудани се нафари дигар дар шабонарӯзи гузашта хабар дод. 

Ҳамчунин мақомоти минтақаи Херсон эълом карданд дар ҳамалоти Русия ба ин минтақа як ғайринизомӣ кушта ва чаҳор нафар маҷрӯҳ шудаанд. 

Юрий Малашко, фармондори ноҳияи Запороже ҳам аз кушта шудани як нафар дар ҳамалоти артиши Русия ба 20 таъсисоти санъатӣ дар ин минтақа хабар дод. 

Владимир Ругов, гумоштаи Русия дар манотиқе аз Запороже рӯзи якшанбе эълом кард нерӯҳои Укроин контроли шаҳри Пятихатки дар ҷабҳаи набарди Запорожеро дар даст гирифтаанд. 

Сергей Братчук, сухангӯи давлати ноҳияе дар ҷануби ғарбии устон Одесса эълом кард нерӯҳои укроинӣ як анбори муҳиммоти бисёр калидиро дар наздикии шаҳри Геническ дар наздикии устони Херсон, ки таҳти контроли Русия аст, мунҳадим кардаанд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *