Рубрики Хабарҳо

Кабирӣ: Иҷоза надиҳед Душанбеи моро тахриб кунанд

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон, ки соате пеш дар пахши мустақим ба мардум сӯҳбат кард, аз тамоми фаъолону огоҳон даъват намуд, ки аз тахриби биноҳои таърихӣ дар кишвар пешгирӣ кунанд. Ҳамчунин аз боло бурдани қимати интернет дар замоне, ки ҳама кишварҳо онро поён мебаранд бо шиддат интиқод кард ва аз мардум даъват кард дар муқобала бо паҳншавии вирус дар Тоҷикистон бо мақомот ҳамдаст бошанд. 

Раиси ПМТ ба мақомоти кишвар, ба хусус мақомоти тандурустӣ ба хотири кӯшишҳои муваффақашон дар роҳ надодани вируси коруно ба кишвар таҳсин гуфт ва аз тадбирҳои пешгирифтаи онҳо қадрдонӣ кард. Аз мардум ҳам даъват кард дар мубориза бо вирус ба ҳангома дода нашаванд ва бо мақомоти давлатӣ ҳамкорӣ кунанд.

Аммо аз бемасъулиятии раҳбарияти давлат дар муносибат бо коруно интиқод кард ва гуфт, дар ҳоле, ки Созмони ҷаҳонии беҳдошт бо сароҳат даъват кард аз ҷамъшавии зиёди мардум пешгирӣ шавад, раисҷумҳури Тоҷикистон 10 000 нафрарро дар як ҷо ҷамъ кард ва базми рақс орост.

Кабирӣ раисҷумҳури Русия Владимир Путин ва раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро мисол зад, ки дарҳол суҳбатҳои телевизионӣ бо мардум доир карданд ва ҳамроҳи мардумашон буданд. Аммо Раҳмон дар ҳузури чанд ҳазор нафар бо як духтар дар мавзуъоти шахсӣ дар пахши мустақим суҳбат кард.

Раҳбари мухолифин боло бурдани қимати интернетро зулм ба мардум хонд ва гуфт ин кор “дар ин рӯзҳои буҳронӣ мантиқӣ ва ақлонӣ нест”. Зеро “мардум машғули буҳрони коронавирус аст, аз ин буҳрон суиистифода карда, мехоҳанд ҷайбҳои худро пур кунанд”.

Муҳиддин Кабирӣ ҳамчунин ба масъалаи тахриби биноҳои таърихӣ дар Душанбе пардохт ва онро вандализм номид. Ӯ гуфт “аз ҳама ҳамватанон хоҳиш мекунам, ки иҷозат надиҳем, ки Душанбешаҳрро вайрон кунанд”.

Дар замони бӯҳрони иқтисодӣ тахрибу азнавсозии биноҳои таърихиро, ки даҳҳо ва ҳатто садҳо миллион доллар масраф мехоҳанд, раиси ПМТ тасмими ғайриоқилона номид. Ӯ гуфт тахриби осори гузашта яке аз бемориҳои диктотурҳои худкома аст, ки мехоҳанд бо аз байн бурдани онҳо худро асосгузори таърихи миллат муаррифӣ кунанд. 

“Чаро осорҳои Шуравӣ аз байн мебаранд? Зеро мехоҳанд ба миллати тоҷик бигӯянд, ки пеш аз ин “ҳукумати конститутсиёнӣ” миллат чизе надошт” — изҳор дошт Кабирӣ.

Раҳбари ПМТ аз мардум, бахусус сокинони пойтахт ва тамоми фаъолони ҷомеъаи шаҳрвандӣ даъват кард ба мақомдорон иҷоза надиҳанд таърихи кишварро тахриб кунанд. 

Навори гуфтугӯи онлайнии раиси ПМТ-ро метавонед инҷо бубинед:

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *