Бинобар таъсири вируси коруно ва бӯҳрони иқтисодии бавуҷудомада аз он, дар моҳи марти соли ҷорӣ интиқоли маблағ аз Русия ба хориҷ нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 35% камтар шудааст. Дар ҳамин ҳол шумори интиқолҳо афзоиш ёфтааст.
Низомҳои интиқоли пул аз поёнравии ҳаҷми интиқолҳо хабар додаанд. РБК бо истинод ба низомҳои интиқоли пул аз 35% поёнравии ҳаҷм ва 18% болоравии шумори интиқолҳо . Яъне интиқолдиҳандагон ба интиқоли маблағҳои камтар аммо зуд-зуд гузаштаанд.
Низоми интиқолии “Юнистрим”, ки баъди аз бозори интиқол ба Тоҷикистон ронда шудани “Золотая Корона” бештари интиқолҳо аз Русия ба Тоҷикистонро анҷом медиҳад аз 35% камтар шудани ҳаҷми интиқолҳо хабар додааст. Ба гуфтаи намояндаи ин низом, ин нишондиҳанда ба динамикаи умумии бозор мутаносиб аст. Дар ҳамин ҳол истифодабарандагони “Юнистрим” нисбат ба марти 2019 4 маротиба бештар аз конолҳои онлайнии ин низом истифода кардаанд.
Низоми “Золотая корона” аз суқути 30%-ии интиқоли пулӣ хабар дода, пешбинӣ кардааст, ки моҳи апрел интиқол ба хориҷ 50% камтар мешавад.
“Пандемия, баста шудани сарҳадҳо, аз кор бозистодани ширкатҳои тиҷоративу хидматрасонӣ ба ҳаҷми интиқолҳои пулӣ таъсир расонданд” — шарҳ додааст намояндаи ин низом.
Contact аз додани маълумот худдорӣ кардааст Western Union бошад маълумоти молиявӣ ва ҳаҷми интиқолҳо дар кишварҳоро ифшо намекунад.
Western Union, “Золотая корона”, “Юнистрим”, Contact ва Blizko бузургтарин низомҳои интиқоли пулии фаъолияткунанда дар Русия ҳастанд. Blizko аз 22 апрел фаъолияташро пурра қатъ мекунад.
Пешгомони интиқоли маблағ аз Русия кишварҳои ИДМ ҳастанд. Давоми соли 2019 ба ин кишварҳо $6 млрд аз $7,5 млрд.и умумии интиқолҳо рост омадааст.