Рубрики Хабарҳо

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ низ беш аз 28% кам шудааст

Содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба хориҷ тӯли 9 моҳи соли равон қариб сеяк ҳисса, аниқтараш 28,1 дар сад  коҳиш ёфтааст.

Дар давоми соли 2019 то охири моҳи сентябр аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар зиёда аз 82,6 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ бароварда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 32 ҳазор тонна камтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти Тоҷикистон, қисми зиёди маҳсулоти кишоварзӣ имсол ба Қазоқистон 45,6 дар сад аз ҳаҷми умумӣ ва Русия 20 дар сад содирот шудааст.

Аз ҳама  бо ҳаҷми зиёд  Тоҷикистон пиёз содир кардааст, ки ба 56,8 ҳазор тонна рост меояд, ин ҳам дар ҳолест, ки ҳаҷми содироти пиёз низ нисбат басоли гузашта 24 ҳазор тонна кам шудааст.

Ҳамчунин имсол дар ҳаҷмҳои нисбатан зиёд хушкмева, ангур, зардолу ва олу  ба хориҷи кишвар бароварда шудааст.

Бодиринг, сабзӣ, карам, картошка, чормағз, шафтолу, себ, нок, тарбузу харбуза, маҳсулоти ситрусӣ ва ғайра нисбатан камтар содирот шудааст.

Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон кишвари аграрӣ-индустриалӣ буда, ҳиссаи бахши кишоварзӣ дар сохтори Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 20 дар сад ва соҳаи саноат – 17,7 дар садро ташкил медиҳад.

Ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли равон беш аз 19 млрд. Сомонӣ, баробари наздики 2 млрд. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,1 дар сад зиёдтар мебошад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *