Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки бонкҳои кишвар ба соҳаҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар зарфи нуҳ моҳи соли равон беш аз 35 миллион сомонӣ қарз додаанд.
Гуфта мешавад, ки аз ин омор 8,1 миллион сомонӣ ба соҳаи сайёҳӣ ва 27,2 миллион сомонӣ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ рост меояд.
Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон кардааст, ки ҳадафаш рушди деҳот, сайёҳӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар кишвар мебошад.
Эҳёи ҳунарҳои мардумӣ низ бештар ба хотири ҷалби сайёҳон роҳандозӣ мешавад, чун талабот ба он чӣ дар кишвар “ҳунарҳои мардумӣ” номида мешавад, ночиз аст.
Ба хотири рушди сайёҳӣ дар кишвар як мақоми нав –Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи Агентии омори кишвар, ба Тоҷикистон дар нӯҳ моҳи соли ҷорӣ чизе бештар аз ворид шудаанд. Яъне бонкҳо барои ҷалби ҳар сайёҳ беш аз як миллион сомонӣ қарз додаанд. Тибқи ҳисобҳои тахминӣ ҳар сайёҳи ба кишвар воридшуда ҳаудуди 500 доллар масраф мекунад, ки фоидаи он бештар аз 100 доллари он (1000 сомонӣ) нест.
Парлумони Тоҷикистон “Стратегияи рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳунармандӣ”-ро низ қабул кардааст, ки бовари Агентии давлатии “Ховар” “заминаи устувор ва кафолатдиҳандаи рушди ҳунармандӣ буда, имкон медиҳад, ки тадбирҳо ва барномаҳои нави соҳавӣ барои рушди ҳунармандӣ дар ҷумҳурӣ роҳандозӣ гарданд”.