Рубрики Хабарҳо

Боз як сафари ҳайати Русия ба Тоҷикистон

Боз як ҳайати ҳукумати Русия ба Тоҷикистон омад. Ин дафъа таҳти роҳбарии муовини сарвазири ин кишвар Марат Хуснуллин. Ин сафар дар шароите анҷом мегирад, ки саркӯб ва боздошти муҳоҷирони тоҷик дар русия идома дорад. 

Баъди шурӯъи ҳамлаи Укроин ва ҷоришавии таҳримҳо алайҳи Русия, сафарҳои мақомоти кишвар ба Тоҷикистон ва кишварҳои дигари минтақа афзоиш ёфтааст.  

Дар доираи сафари Хуснуллин, вохӯрии ӯ бо раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ба нақша гирифта шудааст.

Тибқи иттилоъи АМИТ “Ховар” дар дидору гуфтушунидҳо маҷмӯи васеи масоили ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.

Аз сафари Марат Хуснуллин ба Тоҷикистон Қоҳир Расулзода зимни мулоқот бо сарвазири Русия Михаил Мишустин аввали моҳи июн хабар дода буд.

“Ба тавофуқ расидем, ки рӯзҳои 19-20 июн Марат Шакирзянович (Хуснуллин) ба Душанбе меояд, бори дигар бо ҳамаи ҳамтоёнамон тамоми масоили мавҷударо баррасӣ мекунем. Мутмаинам, ки муносибатҳои мо самти мусбат касб карда, ҳаҷми гардиши мол, ки қариб ҳамасода 20-30% зиёд мешавад, солҳои наздик ба таври назаррас хоҳад афзуд”, — гуфта буд сарвазири Тоҷикистон.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *