Рубрики Хабарҳо

Фонди сармоягузории Тоҷикистону Туркия таъсис мешавад

Тоҷикистону Туркия мехоҳанд муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро густариш диҳанд

Ахиран дар шаҳри Душанбе тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва таъсиси Фонди сармоягузории Тоҷикистону Туркия баррасӣ шуд.

Бино ба иттилоъи Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар, густариши ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ бо сафири Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар баррасӣ шуд.

Тибқи иттилои манбаъ тарафҳо дар мулоқот имкониятҳои сармоягузории ҷумҳурӣ ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардид.

Ҳамчунин дар ин гуфтугӯҳо роҷеъ ба соҳаҳои афзалиятноки сармоягузории кишвар ва имтиёзҳо барои сармоягузорон иттилоъ дода шуд.

Дар мулоқот мувофиқа шуд, ки барои баргузори Форуми сармоягузории Тоҷикистону Туркия ва таъсиси Фонди сармоягузории Тоҷикистону Туркия корбарӣ карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки чанде пеш мақомоти Тоҷикистону Туркия эълом карда буданд, ки тасмим доранд ҳаҷми додугирифти ду кишварро ба 1 млрд доллар хоҳанд расонд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *