Субҳи имрӯз дар назди метрои Митинои Маскав аз як сохтмон беш аз 150 муҳоҷири тоҷик аз тарафи пулиси пойтахти Русия боздошт ва шӯъбаи пулис бурда шуданд.
Яке аз муҳоҷирон, ки тавониста аз дохили идораи пулис бо “Паём” тамос гирад, гуфт пулси субҳи барвақт, замоне ки ҳама хоб буданд ба ҷои хоби онҳо ҳамла бурда ва онҳоро бо таҳқиру дашном ба латукӯб боздошт кардааст.
Ба гуфтаи ӯ мақомоти пулиси Маскав сабаби боздошти онҳоро намегӯянд ва ҳоло бодиққат ҳуҷҷатҳои ҳамаи онҳоро тафтиш мекунанд.
Манбаъ мегӯяд аксари боздоштшудагон шаҳрвандони Тоҷикистонанд, аммо ҳуҷҷатҳои заруриро доранд. “Ба аксарияти мо имкон надоданд ҳуҷҷатҳоямонро ҳамроҳамон гирем, ҳоло намедонем чи мешавад” — гуфт ӯ.
Рӯзҳои охир боздошти муҳоҷирони тоҷик дар Русия афзудааст. Рӯзи 19-уми май дар минтақаи Хабаровск, воқеъ дар шарқи Русия беш аз сад донишҷӯйи тоҷики Донишгоҳи Комсомолски лаби Амур аз сӯйи нерӯҳои вижа шадидан шуданд. Дастаи ОМОН ҳамроҳи кормандони Хадамоти нерӯҳои федерол ба хобгоҳи ин донишгоҳ бидуни огоҳӣ юриш бурда, муҳоҷирони тоҷикро, ки беш аз сад нафар будаанд, зери мушту лагад ва чӯбдаст гирифтанд.
Шаби 21 ба 22 май дар шаҳраки Котелникии вилояти Маскав беш аз сесад зодаи Тоҷикистон боздошт ва тамоми шаб дар боздоштгоҳ нигоҳдориву таҳқир шуданд. Субҳ бо ихроҷи беш аз сӣ нафар, боқиро, ки аксар шаҳрвандони Русия буданд, озод карданд.
Ду рӯз пас ҳамлаи дигарбора ба ин шаҳрак, ки тоҷикони зиёде онҷо истиқомат доранд, аз сар гирифта шуд ва ин дафъа беш аз 100 нафар боздошт шуданд.