Дар байни моҳҳои январ ва сентябри соли ҷорӣ тиҷорати хориҷии Чин дар муқоиса бо соли қабл 9,9% афзуда, ба 31,11 триллион юан муодили тақрибан 4,75 триллион доллар расидааст.
Тибқи маълумоте, ки рӯзи душанбе аз ҷониби Идораи кулли гумруки Чин нашр шуд, ҳаҷми содирот нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,8 фоиз афзуда, ба 17,67 триллион юан расид. Ин ҳам дар ҳоле ки воридот 5,2% афзуда, дар як сол ба 13,44 триллион юан баробар шуд.
Дар моҳҳои январ-сентябр савдои Чин бо Ассотсиатсияи кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АSЕАН) 15,2%, Иттиҳодияи Аврупо 9% ва ИМА 8% нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта афзудааст.
Дар ин муддат додугирифти Чин бо кишварҳои ҳавзаи як камарбанд 20,7 дарсад афзоиш ёфта, давоми сол ба 10,04 трлн. юан расидааст.
Дар 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми тиҷорати хориҷии корхонаҳои хусусии Чин 14,5 дарсад афзоиш ёфтааст.
Дар моҳҳои январ—сентябр содироти маҳсулоти электромеханикии Чин 10 фоиз ва содироти маҳсулоти мехҳнатталаб 12,7 фоиз афзудааст.