Замоне ки вобаста ба рӯзи матбуот нишасте дар Душане бо ҳузури сафирони хориҷӣ ва намояндагони ҳукумати Тоҷикистону васоити ахбори умум дар Душанбе баргузор мегардад, ҷустуҷӯгари Гугл ҳам дар кишвар масдуд шудааст.
Хадамоти алоқа даст доштанаш дар масдудкунии пуристифодашавандатарин сервери интернетӣ дар ҷаҳонро рад мекунад. Масъулини хадамот мегӯянд ин сервер аз беруни Тоҷикистон масдуд шудааст. Аммо то масдудшавии ҷустуҷӯгари Гугл бандҳои дигари он Play market, Translator, Gmail, GoogleDocs, Google Forms, Google Диск, Google Maps ҳам дар Тоҷикистон масдуд буданд.
Дар ҳамин ҳол, сафирони кишварҳои ғарбӣ, ки дар нишасти бахшида ба рӯзи озодии матбуот ширкат доштанд, аз маҳдудиятҳои дастрасӣ ба интернет дар Тоҷикистон интиқод карданд.
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Марк Поммершайм бо интиқод аз масдудшавиҳо гуфт озодии баён озодии дастрасӣ ба интернет дар Тоҷикистон бояд таъмин гардад. Ӯ зикр кард, ки ҷорӣ кардани маҳдудият дар дастрасӣ ба сомонаҳо на танҳо ба озодии баён, инчунин ба иқтисоди кишвар низ зарар мерасонад.
Хю Филпотт сафири Бритониёи Кабир ҳам, ки дар ин ҳамоиш ширкат дошт, иқдоми бекор кардани тасмими болобарии нархи интернетро сутуд, аммо зикр кард, ки талабот ва ниёз дар асри ҳозир ба интернет аз барқу об камтар нест ва мардум ҳақи комили дастрасӣ ба онро дорад то садояш шунида шавад.
Сафири Бритониёи Кабир маҳдудкунии шабакаҳои иҷтимоиро як амали ғайримантиқӣ хонд ва гуфт филтршикану VPN ҳаст ин кор чандон мантиқ надорад. Ӯ аз ҷоришавии маҳдудиятҳо дар ҳафтаи ахир сахт интиқод карда ва гуфт вақте дастрасӣ ба интернет маҳдуд мешавад танқидҳо пинҳонӣ анҷом мешаванд.
Ҳамчунин Нилс Ҷансон, мушовир оид ба масоили сиёсии Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон низ дар суханронии худ дар ин ҳамоиш, ба дастрасии озод ба интернет дар Тоҷикистон таъкид кард. Ӯ гуфт, ки шаҳрвандон бояд ин озодиро дошта бошанд.
Намояндаи Иттиҳодияи Аврупо Нилс Ҷансон гуфт ҳарчанд мақомоти Тоҷииктсон маҳдудиятҳоро ба таъмини амният бастагӣ медиҳанд, интернет василаи пайванд додани ҷомеа аст ва дастрасии озод ба он ба нафъи ҳукумат ҳам ҳаст, ки аз ҷумла ба рушди иқтисод мусоидат мекунад.