Рубрики Хабарҳо

Ду табрикот: Мавзӯъҳои яксон ва дидгоҳҳои мухталиф

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ва Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон — умдатарин эътилофи мухолифини кишвар мардуми Тоҷикистонро ба фарорасии моҳи мубораки рамазон табрик гуфтанд.

Ҳарчанд табрикот ба хотири як рукни динӣ буд, ҳарду ҳам ба масоили иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ ворид шуданд. Мавзӯъҳои сӯҳбати эшон тақрибан яксон, аммо ба ҷуз таърифи моҳи рамазон, дар дигар масоил бештар хилофи ҳамдигар буданд. Ҳатто дар мавзӯъи садақа.

Васфи рӯза

Эмомалӣ Раҳмон: Рамазон дар ҳаёти мусулмонон айёми озмоиши ирода, сабру таҳаммул ва ба камол расонидани дигар хислатҳои неки инсонӣ ба ҳисоб меравад.

Яке аз ҳикматҳои аслии моҳи шарифи Рамазон дар он ифода меёбад, ки инсон бо эҳсоси гуруснагиву ташнагӣ аз ҳолати ятимону маъюбон, беморону эҳтиёҷмандон ва шахсони камбизоат бештар огоҳ мегардад ва барои осон намудани мушкилоти онҳо мувофиқи имконияту тавони худ дасти кумак дароз мекунад.

Яъне рӯзадорӣ дар табиати одамон, пеш аз ҳама, пок нигоҳ доштани дилу забон, зоҳиру ботин, бо муомилаи неку меҳрубонӣ ба ҷо овардани иззати инсон ва раҳму шафқатро бедор месозад.

Муҳиддин Кабирӣ: Парвардигор дар ҳадиси Қудсӣ ибодати рӯза доштанро хос барои Худ дониста, подоши онро ҳам сирре байни Худ ва бандаи рӯзадор медонад

(الصوم لي و أني أجزي به).

Миқдори савоби рӯзаи холис доштан ба касе маълум нест, фақат он маълум аст, ки Парвардигор Сахи, Рахим, Гафур ва Рахмон асту ин сифатҳои Ӯ беканор. Ва ҳатман подоши бандагони рӯзадораш ба ҳадде бузург хоҳад буд, ки зебандаи сифот ва шаъни худи Ӯст, на тасаввур ва гунҷоиши маҳдуди зеҳни башарии мо.

Албатта, шарти рӯзаи холис барои Худо доштан ин танҳо худдорӣ аз хурдану ошомидан ва лаззоти дунё дар ин моҳ нест, балки дур нигаҳ доштани забон ва фикр аз ҳама чизи нораво аз лавозими он мебошад. Паёмбари акрам дар ҳадиси шариф мефармояд: ‘’Ҳар касе суханони дурӯғ (нописанд) ва амал ба онҳоро тарк нанамояд, Худованд ҳеҷ ниёзе ба тарки хурдану нушидани ӯ (яъне, рӯзаи ӯ) надорад’’. Пас, ҳикмат ва фалсафаи рӯза талош барои инсони беҳтар шудан дар давоми як моҳ ва баъди он мебошад, ки худдорӣ аз хурдану ошомидан дар соатҳои муайян чузъи ин раванди худсозӣ мебошад.

Дар бораи садақа

Э. Раҳмон: Дар баробари ин, додани садақаи фитр ва умуман, ҳама гуна хайроту садақа дар моҳи шарифи Рамазон ҳамчун яке аз воҷиботи дини мубини ислом ба шумор меравад.

Дар ояти 60 сураи «Тавба” ба таври равшану возеҳ ба кадом табақаи одамон додани садақа баён шудааст.

Садақаи фитр ва хайрот, пеш аз ҳама, ба наздикон, хешу табори камбизоату муҳтоҷ, табақаҳои ниёзманди ҷомеа, яъне ятимону маъюбон, шахсони бесаробон ва оилаҳои камбизоат аз ҳисоби заҳмати ҳалол ва бо дасту қалби пок дода мешавад.

Дар ин раванд, бояд донист, ки ҳама гуна рафтори хусусияти зоҳирпарастӣ, худнамоӣ ва исрофкоридошта ҳеҷ маънӣ надорад.

Ҳамчунин, ҳар як фарди муъмин бояд дар хотир дошта бошад, ки дар моҳи шарифи Рамазон амалҳои неку писандида, аз ҷумла хайроту садақа на ба хотири зоҳирпарастӣ, намоишкорӣ, исрофкорӣ ва худро аз дигарон болову беҳтар нишон додан, балки барои ба даст овардани хушнудии Худованд анҷом дода мешаванд.

Муҳиддин Кабирӣ: Ҳамчуноне, ки рӯза доштан ба нахурдану наошомидан дар ин моҳ маҳдуд намешавад, садақа ва кумак ба мардум ҳам танҳо додани чанд маблағ ва ё молу ғизо ба камбизоатон нест. Тибқи фармудаи Паёмабари акрам (с) ‘’ Гуфтани сухани ҳақ дар баробари подшоҳи золим бузургтарин садақа аст. ‘’ хамон тавре, ки як ракаъат намоз ва ё як кори хайри мо дар моҳи Рамазон подоши чандбаробар дар муқоиса бо рӯзҳои дигар дорад, подоши як сухани ҳақ дар баробари зулм имрузҳо на танҳо садақа аст, балки бештарин подошро дорад. Ба хусус, барои касоне, ки аз лиҳози молӣ тавони кумак ба ниёзмандонро надоранд, фурсати хубест, ки инро аз ҳисоби кумаки маънавӣ ба онҳо ҷуброн кунанд. Агар аз кумаки молии мо танхо як нафар ё як оила истифода кунад, аз сухани ҳақ ва мубориза барои адолат ҳамаи миллат истифода хоҳад кард.

Имрузҳо ҳазорҳо зиндонӣ паси панҷара мунтазири кумаки маънавӣ ва ҳуқуқии мо нишастаанд. Садҳо ҳазор муҳоҷири тоҷик ниёз ба адолат ва будан дар паҳлуи наздикони худ доранд. Ҳазорҳо соҳибкори тоҷик аз фишори андозу ришвархорҳои ҳукумат азият мешаванд. Магар садақае беҳтар ва бештар дар моҳи рамазон хоҳад буд, агар ба пштибонӣ аз ин гурӯҳҳои маҳрум ва мазлум садо баланд шавад? Оё эҳсоне бештар аз он хоҳад буд, ки дар ин моҳ пуштибонии саросарии миллӣ аз ду бонуи шуҷоъи тоҷик карда шавад, ки барои дифоъ аз ҳуқуқи миллионҳо мусалмони ҳамватани худ мавриди туҳмат ва таҳқири мақомот қарор гирифтаанд? Оё даҳҳо шаҳрванде, ки барои талаби ҳақи қонунии худ аз ширкати ‘’Фароз’’ таҳти фишор қарор доранд, ниёз ба кумаки мову шумо надоранд? Оё кумак ба ин ҳама ҳамватанон ва гуфтани сухани ҳақ дар баробари зулм садақа нест? Агар ҳаст, пас беҳтар аз моҳи шарифи рамазон чи вақте хоҳад буд?

Дар бораи нарх

Эмомалӣ Раҳмон: Тавре, ки борҳо иброз дошта будам, дар зиндагии ҳаррӯза имконияти савобгирӣ хеле зиёд аст.

Вале тибқи мушоҳидаҳо баъзе тоҷирон дар арафаи моҳи рамазон ва идҳо нархи маҳсулоти озуқаро ба хотири даромади муфт ва беасос баланд мебардоранд ва бо чунин кирдори худ, аз як тараф, боиси озурдахотирии ҳамватанони мусулмони хеш мегарданд ва аз тарафи дигар, худашон ва аҳли хонаводаашонро аз савоби ин моҳи шариф маҳрум месозанд.

Дар ҳадисҳои пайғамбари ислом оқибати чунин рафтор таъкид шудааст: — «Ҳар кӣ нархро арзон карда, мардумро ба худ ҷалб менамояд, ризқаш афзун мешавад. Ва ҳар ки нархро боло мебарад, ӯ шармсор мегардад”.

Ё дар ҳадиси дигар чунин омадааст: «Тоҷири қиматфурӯш ва шахси худкушикарда дар як дараҷа қарор мегиранд. Зеро ҳар ки дар коре аз нархгузории рӯзгори мусулмонон, яъне боло бурдани нархи молҳо бар онҳо дахолат кунад, пас дониста бошад, ки Худованд ӯро рӯзи қиёмат дар оташи сӯзон қарор медиҳад”.

Муҳиддин Кабирӣ: Дар тамоми олам , ғайр аз Тоҷикистон дар рӯзҳои иду ҷашнвораҳо нархҳо поинтар мераванд. Ҷои таассуф аст, ки мақомот, раснаҳо ва бархе аз мардум болоравии нархҳоро дар арафаи идҳо бар души соҳибкорон гузошта, онҳоро ба ‘’кимматфурӯшӣ’’ ва ‘’беинсофӣ’’ муттаҳам мекунанд. Мақомот бо ташкили чанд ярмаркаи фуруши маводи ғизоӣ ва фиристодаи нозирон ба бозорҳо, инчунин, даъвати соҳибкорон ба арзонфурушӣ, масъулияти худро анҷомшуда меҳисобанд. Дар чашми мардум соҳибкорони ватаниро ‘’ фурсатталаб’’ ва ‘’ беинсоф’’ ҷилва дода, худро ғамхору дилсӯзи миллат метарошанд. Соҳибкоре, ки илова бар пардохтани болотарин андоз дар сатҳи минтақа ва ришваи саросарӣ ба ҳама мақомоти кишвар, боз маҷбур аст, ки тибқи дастур маҳсулоташро поинтар аз нархи бозор фурушад. Барои зарар накардан маҷбур аст, ки ба тақаллуб дар сифат ва ҳаҷми моли фурушӣ бизанад, ки боз ҳам бар зарари мардум анҷом мешавад.

…Мардуми шарифи тоҷик бояд бидонад, ки сабаби аслии гаронии нархҳо на соҳибкорон ё истеҳсолкунандагон, балки ришваситонии масабдорон, баландии андозҳо ва пардохти гумрукӣ, инчунин, номуносиб будани нархи об, барқ ва роҳҳо мебошад, ки дар ниҳоят болои нархи маҳсулоти бозор таъсир мерасонад.

Дар бораи мубориза

Э. Раҳмон: Вазъи ҷаҳони муосир, махсусан, баъзе кишварҳои мусулмонӣ сол ба сол ноором гардида, низоъҳои байнимазҳабӣ торафт тезутунд шуда истодаанд, ки мавҷи онҳо метавонад сарҳади давлатҳои орому осударо убур карда, вазъи дохилии онҳоро низ бесубот гардонад.

Ҳамзамон бо ин, хусусан, солҳои охир раванди сиёсӣ сохтани ислом вусъати хатарнок гирифта, ҳар рӯз боиси қатлу куштори ҳазорон нафар аҳолии осоишта ва бе хонаву ҷой мондани миллионҳо нафари дигар шуда истодааст.

Аксари гурӯҳҳои ифротӣ аъмоли нангини худро таҳти ниқоби ислом содир мекунанд, ҳол он ки дини ислом аслан ва моҳиятан зидди ифротгароиву хушунат ва қатлу куштор буда, баръакс, одамонро ба инсондӯстӣ ва корҳои нек ҳидоят менамояд.

Бинобар ин, моро зарур аст, ки ҳадафи асосии равияҳои ифротиро ба мардум, хусусан, ба наврасону ҷавонон фаҳмонем ва нагузорем, ки дар ҷомеа андешаҳои ба мафкураи мо бегона нуфуз пайдо кунанд.

М. Кабирӣ: Вақти он расидааст, ки миллат муборизаи воқеъиро алайҳи ришва, гаронии нархҳо ва андозҳои баланд оғоз кунад ва барои ин кор беҳтар аз моҳи Рамазон замоне нахоҳад буд. Чун ин беҳтарин Садақа ва Эҳсон ба худ ва миллионҳо ниёзманди миллат мебошад. Мо метавонем дар ин моҳ як бурда ноне ба камбизоате дароз кунем, ки ин ҳам хуб аст ва ҳамзамон метавонем коре кунем, ки миллионҳо нафари миллат аз садақапурсӣ наҷот биёбанд, балки худашон садақадиҳанда бишаванд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *