Рубрики Хабарҳо

Маошҳо афзуданд, аммо ҳамоно аз таваррум қафо мемонанд

Аз 1 июли имсол  маоши кормандони ташкилотҳои соҳаи маориф, илм, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, стипендияҳои амалкунандаи донишҷӯён ва намудҳои дигари стипендия (ба ғайр аз стипендияҳои президентӣ ва курсантҳои муассисаҳои олии ҳарбӣ ва Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон), нафақаи заминавӣ ва нафақаҳои дигари амалкунанда ба андозаи 20 фоиз зиёд гардиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Мақомоти Тоҷикистон ҳамеша афзоиши маошро ба унвони таблиғи “сиёсати хирадмандонаву ғамхоронаи пешво” талаққӣ ва таблиғ мекунанд, аммо ҳаргиз эътироф накрадаанд, ки афзоиши маош дар кишвар ҳамеша аз таваррум ақаб мемонад. Дар сӣ соли ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон сатҳи маош дар сатҳест, ки 95 дарсади кормандони буҷавӣ наметавонад бо он рӯз гузаронанд. Ин боиси густариши фасод дар саросари муассисаҳои давлатӣ шудааст.  Барои мисол муаллимону табибон ҳудуди 1000 сомонӣ маош мегиранд, ки камтар аз 100 доллар аст.  

Афзоиши маош имсол дар асоси Фармони раисумҳури Тоҷикистон аз 6-уми феврали соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия»  амалӣ гардид.

Гуфтанист, дар асоси ҳамин фармон аз 1 марти соли 2023 маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25 фоиз ва кормандони дигари ин мақомот ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шуд. Маоши ин гурӯҳ низ бештар аз маоши муаллимону духтурон нест. 

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *