Вазири хориҷаи Трамп рӯзи душанбе бо ҳамлаи тунд ба гузориши ҳукумати Байден дар бораи поёни маъмурияти Амрико дар Афғонистон гуфт, ки ӯ дар мудирияти хурӯҷ “комилан” ноком буд.
Помпео муддаӣ шуд, ки нотавонии ҳукумати Байден дар мудирияти хурӯҷ, “Путинро ба ишғоли Укроин ташвиқ кард.”
Помпео дар Твитер навишт, ки Амрико дар солҳои оянда товони иштибоҳоти ҳукумати Байденро дар робита ба хурӯҷ аз Афғонистон хоҳад пардохт.
Мавзӯъи хурӯҷи Амрико аз Афғонистон ва бозгашти Толибон ба қудрат, ба ҷидоли ҳизбӣ дар сиёсати Амрико табдил шудааст. Ҷумҳурихоҳон ва демократҳо якдигарро ба нотавонӣ дар мудирияти хурӯҷи нерӯҳо ва суқути давлати Афғонистон муттаҳам мекунанд.
Ҷо Байден гуфтааст, ки ӯ нерӯҳои амрикоиро бар асоси тавофуқоти ҳукумати Трамп бо Толибон дар Доха аз Афғонистон хориҷ кард. Албатта, Байден борҳо аз поёни маъмурияти ин кишвар дар Афғонистон дифоъ карда буд.
Помпео бо интиқод аз Байден навишт, ки ӯ “рӯйкарди хурӯҷи машрут аз Афғонистонро, ки аз сӯи мо таъқиб мешуд, нодида гирифт.”
Вазорати хориҷаи Амрико дар гузориши ҷадидаш тасмимҳои Трамп ва Байденро бар наҳваи хурӯҷи ва суқути давлати Афғонистон муассир донистааст.