Интиқоли $5,2 млрд аз Русия, ки ба 50% ММД баробар шуд. Воқеъият чист?
Дар ҳоле, ки коршиносон рукуди иқтисоди Русия бар пояи ҷанги пурмасрафи ин кишвар дар Укроин ва дар натиҷа камшавии интиқоли пул ба кишварҳои Осиёи Миёнаро пешбинӣ мекарданд, аз афзоиши рекордии интиқоли маблағ ба Тоҷикистон ҳикоят мекунад.
Дар гузориш, ки дар умум иқтисоди Тоҷикистонро таҳти баррасӣ қарор додааст гуфта мешавад ба Тоҷикистон дар соли 2022 беш аз 5,2 млрд доллар пул интиқол шуда ва интиқолҳои пулӣ на танҳо омили асосии рушди иқтисодӣ боқӣ монда, балки мавқеъи худ дар иқтисоди кишварро болотар бурдааст. Пулҳои воридшуда аз хориҷ ба 49% Маҷмӯъи Маҳсулоти Дохилии кишвар баробар шудааст, ки рекордӣ таърихӣ мебошад.
Маҷмӯъи Маҳсулоти Дохилии (ММД) Тоҷикистон дар соли 2022 тибқи иттилои расмӣ, ба наздики 116 млрд сомонӣ ё 10,5 млрд доллар расидааст.
Интиқоли рекордии беш аз 5,2 млрд доллар 1 млрд бештар аз рекорди қаблӣ аст, ки дар соли 2014 иттифоқ афтода буд. Он сол муҳоҷирон ба кишвар ҳудуди 4,2 млрд доллар фиристода буданд.
Ҳамон гунае, ки дар гузориш зикр мешавад, 90 дарсади маблағҳои воридшаванда ба Тоҷикистон аз Русия ворид мешавад. Афзоиши рекордии интиқоли маблағ, ки хилофи пешбинии коршиносон иттифоқ афтод, суолоти зиёдеро барнагехтааст.
Коршиноси тоҷик Абдуманон Шералиев, ки низ камшавии интиқоли пули муҳоҷиронро пешбинӣ карда буд, мегӯяд “инро ки иқтисоди Русия метавонад чунин муддати тӯлонӣ ба таҳримҳо ва ҳазинаҳои ҷанг дошт диҳад, ҳеҷ касе, ҳатто таҳлилгарони наздик ба Кремл пешбинӣ намекарданд. Ҳоло, ки нишонаҳои аввали рукуди иқтисодии Русия зуҳур шудааст, касе дигар ҷуръати пешбинӣ намекунад”.
Ба гуфтаи ӯ афзоиши интиқоли пул метавонад аслан рабте ба рукуд ё пешрафти иқтисоди Русия надошта, омилҳои дигаре дошта бошад. “Барои мисол фирори садҳо ҳазор сокинони бумӣ аз Русия, ҷойҳои бештари корӣ офаридааст. Худи ҷанг ва таъмини он бо садҳо намуди маҳсулот, шурӯъ аз силоҳ то либосу хӯрокворӣ нерӯи бештари корӣ мехоҳад”.
“Сабаби дигари зиёдшавии интиқоли пул афзоиши муҳоҷират аз Тоҷикистон метавонад бошад, ки бо бадтар шудани вазъи иқтисодиву сиёсӣ дар кишвар шиддат гирифтааст. Табиист, ки шумори бамуҳоҷиратрафтагон ҳарчи бештар шавад, интиқоли пул ҳам меафзояд” — мегӯяд Шералиев.
Дар ҳамин ҳол, ӯ таъкид мекунад, ки дар асл шояд афзоиши чандоне дар интиқоли пул сурат нагирифта, танҳо роҳҳои интиқол тағйир кардаанд: “То чанд сол қабл, ки банда раванди интқиоли пулро пайгирӣ мекардам, таносуби интиқоли пул ба Тоҷикистон чунин буд: 30-35 дарсад бо роҳи расмӣ, яъне тавассути бонкҳо ва 65-70 дарсад бо роҳҳои ғайрирасмӣ. Ниҳодҳои байналмиллалӣ танҳо маблағҳои бо роҳҳои расмӣ интиқолдодашударо пайгирӣ мекунанд.
Дертар бо осонтар шудани интиқоли бонкӣ, ин тавозун тағйир кард ва ба 40-45 дарсад тавассути бонкҳо расид. Бо гумони ғолиб ин тавозун боз бештар ба нафъи интиқоли бонкӣ тағйир кардааст, чун он боз ҳам осонтар шуда ва аксарият ба эминии он бовар кардаанд. Агар бо соли 2014 муқоиса кунем, шояд соли 2022 маблағи камтаре ба кишвар ворид шудааст, чун дар 2014 агар 4,5 млрд тавассути бонкҳо ворид шуда буд, ҳади ақал 7-8 миллиарди дигар бо роҳҳои ғайрирасмӣ интиқол дода шуданд. Яъне дар умум 12-13 млрд. Агар ҳоло тавозуни интиқоли расмиву ғайрирасмӣ 50 ба 50 бошад, пас ҳамагӣ 10,5 млрд пул ба кишвар ворид шудааст”.
Ба ин суол, ки “пас пулҳои интиқолдодашуда аз ММД-и кишвар бештаранд?” коршиноси тоҷик мегӯяд “ММД ҳам дар он ҳаҷме нест, ки расман эълон мешавад. Дар асл барои кишваре бо 8 миллион аҳолӣ ва сатҳи имрӯзаи зиндагӣ, 10 млрд ММД хеле ва хеле кам аст. ММД-и Тоҷикистон чанд баробар бузургтар аз он аст, ки расман эълон мешавад. Яке аз сабабҳои бамаротиб камтар аз ҳаҷми воқеъии он талаққӣ шудани ММД-и кишвар ин аст, ки беш аз 70 дарсади иқтисоди Тоҷикистон соягист”.