Рубрики Хабарҳо

Вазири нафти Қувайт: Эрон ҳеҷ ҳаққе дар майдони газии Ораш надорад

Қувайт рӯзи душанбе аз Эрон барои аз саргирии музокирот бар сари таъйини ҳудуди марзи обӣ даъват кард. Теҳрон ахиран омодагии худро барои оғози амалиёти ҳаффорӣ дар майдони газии Ораш дар Халиҷи Форс эълом карда буд. Ин майдони газӣ барои даҳаҳо маҳалли муноқишаи Эрон ва Қувайт будааст. 

Қувайт майдони газии Орашро Алдара меномад ва бар “ҳаққи инҳисорӣ”-и худ ва Арабистон барои бардошт аз захоири он исрор меварзад. 

Ин ду кишвар соли гузашта ба рағми муноқишот бо Эрон, қарордодеро барои тавсеаи ин майдони газии муштарак имзо карданд; Эрон ин қарордодро “ғайриқонунӣ” хонд. 

Вазорати хориҷаи Қувайт дар баёнияе эълом кард: “танҳо давлати Қувайт ва подшоҳии Арабистони Саудӣ ииҷозаи истифода аз сарвати табии майдони Алдараро доранд. Давлати Қувайт муҷаддадан аз тарафи эронӣ барои оғози музокирот бар сари таъйини марзи обӣ даъват мекунад.” 

Мӯҳсин Ҳуҷастамеҳр, мудиръомили ширкати миллии нефти Эрон низ ҳафтаи гузашта гуфт: “омодагии комил барои оғози ҳаффорӣ дар майдони муштараки нефтии Ораш вуҷуд дорад ва манобеъи қобили таваҷҷӯҳеро барои иҷрои тарҳи тавсеаи ин майдон дар ҳайати мудираи ширкати миллии нефти Эрон ба тасвиб расондаем ва бо омода шудани шароит, ҳаффориро дар майдони Ораш оғоз мекунем.” 

Изҳороти вай дар ҳоле баён шуд, ки Арабистони саудӣ ва Теҳрон дар пайи аз саргирии равобити худ дар моҳи март, илова бар тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ба хусумати ҳафтсолаи байнашон поён доданд. 

Саъд Ал-Барроқ, муовини нахуствазир ва вазири нафти Қувайт мавозеъи Эрон дар қиболи майдони газии Орашро “ғофилгиркунанда” ва “дар таноқуз бо тамоми усули бунёдини равобити байналмилал” унвон кард ва гуфт: “мо ба сурати тамому камол ва қотеъона тамоми фаъолиятҳои барномарезишудаи Эронро перомуни майдони газии фаросоҳилии Алдара рад мекунем.” 

Майдони газии муштараки Ораш куҷост? 

Майдони газии Ораш дар шимоли Халиҷи Форс воқеъ аст. Ширкати нефтии ҷопонӣ AUC ин майдонро дар соли 1967 кашф кард. Интизор меравад ин майдон битавонад рӯзона як миллиард метри мукааб газ ва 84 ҳазор бушка маҳсулоти газӣ тавлид кунад. 

Тибқи марзи обии иддаҳои Эрон, ҳудуди чиҳил дарсад сохтмони нефтӣ ва газии мавҷуди майдони Ораш дар обҳои Эрон қарор дорад.

Агарчи Қувайт аз соли 1975 дар ҳоли баҳрабардорӣ аз он аст, аммо ширкати миллии нефти Эрон низ ба манзури таъйини мизони захоир дар ҷо, солҳо пеш иқдом ба ҳафри як ҳалқаи чоҳи иктишофӣ дар ин минтақа кардааст. 

Муноқишот аз чӣ замоне оғоз шуд? 

Маншаи ихтилофоти Эрон ва Қувайт ба ҳамон солҳои даҳаи 60 боз мегардад. Дар он солҳо Эрон имтиёзи инҳисории кашф ва истихроҷи манобеъи баҳрии худро ба ширкати нефти Эрон ва Англис, ва Қувайт низ онро ба ширкати ҳоландии Royal Dutch Shell

вогузор карда буд. 

Ин ду имтиёз, дар бахши шимолии майдони ҳампушонӣ пайдо мекунанд. Дар ин бахш ҳаҷми захоири қобили бозёфт ҳудуди 220 миллиард метри мукааб тахмин зада мешаванд. 

Арабистони Саудӣ низ чун дар ин минтақа бо Қувайт манобеъи газӣ ва нефтии баҳрии муштараке дорад, бахше аз ин муноқиша маҳсуб мешавад. 

Эрон дар соли 2001 дар ин минтақа амалиёти ҳаффорӣ анҷом дод. Ин амалиёти Қувайт ва Арабистони сСудиро тарғиб кард то бар сари як қарордоди марзии баҳрӣ ба тавофуқ бирасанд. 

Қувайт ҳамчунин пас аз оғози ин амалиёти иктишоф, шикоят аз Эрон дар маҷмӯъаҳои байналмилалиро оғоз кард. 

Дар давраи ислоҳот ва дар пайи сафари амири Қувайт ба Теҳрон, Эрон фаъолиятҳои иктишофиро дар ин минтақа мутаваққиф кард.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *