Номи як гумонбари дигари эҳтимоли дар рабудани Шӯҳрат Исматуллоев, муовини аввали раиси «Ориёнбонк», дақиқ шудааст. Тибқи иттилоъи Радиои Озодӣ ва ҳафтаномаи “СССР”, ки ба манобеъашон дар дар мақомоти қудратии Тоҷикистон истинод мекунанд, ин нафар Дилшод Саидмуродов, маъруф ба ба лақаби «Дилшоди СБ», корманди собиқи чан ниҳоди қудратӣ будааст.
Тибқи иттилоъи ин ду расона, Саидмуродов гуруҳи рабояндагонро раҳбарӣ мекард. Дар ҳамин ҳол мақомот хабарро тасдиқ ё рад намекунанд.
Гуфта мешавад Дилшод Саидмуродов 24 июн, як рӯз баъд аз бедарак шудани муовини раиси «Ориёнбонк» тавассути фурудгоҳи Душанбе ба Русия фирор кардааст.
Ба навиштаи Радиои Озодӣ, Дилшод Саидмуродов дар гузашта дар Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи Вазорати корҳои дохилӣ кор карда, як муддат маъмури Шуъбаи мубориза бо ҷиноятҳои кибернетикии Додситонии кул будааст. Ҳамчунин ӯ таҷрибаи корро дар Оҷонси мубориза бо коррупсия низ дошта, вале вақтҳои охир дар ҷое кор намекард.
Дилшод Саидмуродов шаҳрвандии Русияро низ дошта, пас аз ҳодиса ба Маскав рафт ва дар онҷо ҷустуҷӯ мешавад. Ҳамчунин манбаъ менависад, пас аз фирори Дилшод Саидмуродов тавассути Фурудгоҳи Душанбе чанд корманди фурудгоҳро, ки масъули қабулу гусели шаҳрвандон буданд, аз кор рондаанд.
Ба навиштаи ҳафтаномаи СССР Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович 4-уми июни соли 1984 дар кӯчаи Навоии шаҳри Душанбе таваллуд шудааст. Соли 2001 мактаби №8-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо хатм карда, ба факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи ВКД-и Русия дохил мешавад ва соли 2006, баъди хатми ин донишгоҳ як сол дар сафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия фаъолият кардааст.
“Соли 2007 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргашта, ба сафи мақомоти корҳои дохилӣ дохил шудааст. Аз моҳи октябри соли 2007 то соли 2008 дар вазифаи ваколатдори оперативии шуъбаи мубориза бар зидди хариду фурӯши одамони РМЗҶМ (УБОП) ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намудааст”, — менависад газетаи СССР.
Ба навиштаи ин расона, Дилшод Саидмуродов аз соли 2008 то 2010 дар РОҶ КВД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва РАД (Внутреняя Безопасность) ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст.
Ӯ соли 2010 аз сафи ВКД озод карда шуда, 4 сол ба баъд, яъне дар соли 2014 ба ҳайси мутахассис – кибернетик дар Додситонии кулли кишвар ба кор қабул мешавад. Баъдан дар он ҷо низ аз сафи мақомот озод карда шудааст.
“Баъди озод гардидан аз сафи мақомоти прокуратура дар соли 2016 ба сафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дохил шуда, 1 муддати кӯтоҳ дар он ҷо кору фаъолият намудааст, рутбаи ҳарбиаш капитани адлия мебошад.
Аз рабуда шудани Шӯҳрат Исматуллоев, муовини Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк» ва додарарӯси президенти Тоҷикистон, тақрибан ду ҳафта гузашт. Дар ин муддат аз ӯ ҳеч нишоне наёфтанд ва сарнавишташ маълум нест. То ин дам мақомот танҳо номи як гумонбари эҳтимолиро гуфтанд. Он ҳам Рустам Ашӯров, ки танҳо пас аз тирандозӣ ва захмиву боздошт шуданаш дар Молдова эълон гардид.
Радиои Озодӣ дар бораи боздошти чаҳор нафари дигар дар дохил хабар медиҳад, ки ҳуввияташон маълум нест.