Баъди нашри оворагии ронандагони мусофирбарҳо, ки барои овардани онҳо ба Истамбули Туркия рафтаанд, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва писари раисҷумҳур хизматрасонии қисме аз нақлиёти мусофирбар дар пойтахтро ройгон кардааст.
Ин хизматрасонии ройгон ҳамагӣ барои 2 рӯз — 23 ва 24 март будааст, аммо масъулини пойтахт хостаанд аз ин иқдом ҳам барои раисашон тарғиб дуруст кунанд. Аз ҷумла Фирдавс Саидов, раиси корхонаи давлатии «Душанбенақлиёт-хадамотрасон”, ки масъулияти идораи парки автобусҳову троллейбусҳои давлатиро дар пойтахт бар ӯҳда доштааст, рӯзи 23 март ба сомонаи «Ахбор” гуфтааст «ин ташаббус аз ҷониби шаҳрдории Душанбе шуд ва мо, нақлиётчиҳо аз он дастгирӣ кардем. Як қисми нақлиёти ҷамъиятӣ дар рӯзҳои иди Наврӯз, яъне аз 20 то 24 март, ба мардум бепул хидмат мерасонанд. Ҳам аз ҳисоби нақлиёти давлатӣ ва ҳам хусусӣ. Барои мисол, имрӯз, 23 март, дар 76 хаттсайре, ки дар шаҳри Душанбе вуҷуд дорад, 16 микроавтобус, 3 автобус ва 3 троллейбус бепул мусофир мекашонанд.”
Вале дар асл нақлиёт, он ҳам як қисми хеле ками он, танҳо сар аз имрӯз, 23 март бепул шудааст. Аз 216 автобус, 70 троллейбус ва шумори зиёди микроавтобусҳо ҳамагӣ 3 автобус, 3 троллейбус ва 16 микроавтобус барои 2 рӯз ройгон хидмат мекунанд. Ва он ҳам на тамоми рӯз, балки ҳар яке аз ин 22 нақлиёт чанд бори муайян дар хатсайри муайян бепул равуо хоҳанд кард. Масалан роҳбари ҶДММ “Муҳамадҷон Д” ба сомонаи “Диалог тҷ”гуфтааст, ки аз тарафи корхонаи онҳо микроавтобуси рақами 2 панҷ маротиба дар хатсайри Пахтакор — МС Душанбе рафтуомад хоҳад кард. Вале баъзе расонаҳо онро иқдоми инсондӯстонаи Рустами Эмомалӣ унвон карда, ин хабарро бо сарлавҳаҳои пурвоҳима нашр кардаанд.
Ҳеҷ сокини Душанбе то имрӯз дар пойтахт хизматрасонии бепули нақлиётро мушоҳида накарда ва ҳеҷ расонае ҳам дар ин бора то имрӯз гузориш надода буд. Дар ҳоле, ки расонаҳои давлатӣ баъди ба мансаби раиси пойтахт расидани Рустами Эмомалӣ аз ҳар қадами ӯ гузориш нашр мекунанд.
Пас метавон бо камоли боварӣ гуфт, ки ин иқдом баъди нашри хабари ронандагони гуруснамондаи мусофирбарҳо дар Истамбул дар сомонаи “Паём” роҳандозӣ шудааст, то андешаи мардум аз созишномаи номуваффақи раиси Душанбешаҳр ба ҷониби дигар бурда шавад.
Дар ҳоле, ки ин хабар омода мешуд, хабарнигори “Паём” аз Душанбе гузориш дод, ки шумори микроавтобусҳои ҳаракаткунанда дар шаҳр ба маротиб кам шудааст. Ӯ мегӯяд Рустами Эмомалӣ ба корхонаҳои хусусии мусофиркашон амр кардааст, ки шумори муайяни микроавтобусҳоро барои хидматрасонии бепул ба роҳҳо бароранд, вале ронандаҳои микроавтобусҳо аз ин иқдом, ки ба зарари кисаҳои бе ин ҳам харобашон аст, тарсида, аз гаштугузор дар шаҳр худдорӣ кардаанд.