Рустам Ашӯров, тирандози фурӯдгоҳи Кишинёв, ки баъдан онҷо кушта шуд, дар охирин сӯҳбати телефонӣ бо модараш эътироф мекунад, ки Шӯҳрат Исматуллоевро воқеъан ӯ ҳамроҳ бо Дилшоди СБ (Саидмуродов) дуздидааст. Бу гуфтаи ҷасади Исматуллоевро ба дарёи Варзоб партофтаанд.
Дар як наворе, ки дар телеграм-канали Ислоҳ ТВ нашр шудааст, дида мешавад модари Рустам сари мизи хӯрокхӯрӣ бо фарзандаш тариқи видео гуфтугӯ мекунад. Дар навор Рустам, ки дар фурӯдгоҳи Кишинёв қарор дорад, мегӯяд “ду нафарро куштам” ва ду ҷасади хобидаро нишон медиҳад. Ва идома медиҳад “акнун дар қиёмат вомехӯрем”.
Дар идома Ашӯров дар бораи дуздидани Исматуллоев қисса мекунад ва мегӯяд бо раҳбарии Дилшод ӯро дуздида ва ҳадафи дуздӣ ҳам биткоинҳое буда, ки Исматуллоев онҳоро дар даст доштааст. “Иқа заданша, ки мурд, баъд ба дарё партофтем” — хулоса мекунад тирандози Кишинёв.
Ин навор аз ду қисмат иборат аст ва метавонед бо нохун задан ба инҷо онро тамошо кунед: