Парлумони Покистон рӯзи панҷшанбе бо тасвиби қатъномае аз Суид хост “иқдомоти муносибе” алайҳи омилони ҳодисаи ахири “ҳатки ҳурмат ба Қуръон” дар Стокголм анҷом диҳад.
Дар рӯзи аввали иъди Қурбон як марди ироқӣ- суидӣ нусхае аз Қуръонро дар беруни масҷиде дар Стокголм оташ зад.
Ин иқдом бо интиқоди шадиди кишварҳои мухталиф аз ҷумла Покистон, Туркия, Урдун, Арабистони Саудӣ, Марокаш, Ироқ, Эрон ва ҳамчунин Иттиҳодияи Аврупо мувоҷеҳ шуд.
Дар идомаи вокунишҳо, дар ҷаласаи муштараки намояндагони парлумони Покистон, ки барои ибрози эътироз ба ҳодисаи Суид ташкил шуда буд, намояндагони Маҷлис ба иттифоқи оро қатъномаеро дар маҳкумияти шадиди ин ҳодиса тасвиб карданд.
Рӯзномаи покистонии” Дон” гузориш дод, ки Муртазо Ҷовид Аббосӣ, вазири давлати Покистон дар умури парлумон дар маросими тасвиби ин қатънома гуфтааст парлумони Покистон ба эҳтиром ба ҳамаи динҳо, эътиқодот ва кутуби муқаддас эътиқод дорад.
Дар ин қатънома омада Маҷлиси Покистон аз Суид мехоҳад бо исломҳаросӣ бояд бо ҳамон ҷидият бархурд кунад, ки дар баробари нафратпарокунӣ алайҳи соири динҳо бархурд мекунад.
Қатънома ҳамчунин аз созмонҳо ва ҳукуматҳо хостааст ҳатки ҳурмат ба намодҳои муқаддаси динҳо аз ҷумла китобҳои муқаддас, шахсиятҳо, маконщои мазҳабӣ ва пайравони онро ҷурм эълон кунанд.
Шаҳбоз Шариф, нахуствазири Покистон низ, ки дар ҷаласаи рӯзи панҷшанбеи парлумон ҳузур дошт, аз Суид хост “мавзеъи равшане” дар қиболи ин ҳодиса дошта бошад. Шариф дар суханронии худ дар парлумон гуфт, ки мусулмонони саросари ҷаҳон аз оташ задани Қуръон хашмгин ҳастанд.