Рубрики Хабарҳо

Додситонии кулл омилон ва ҷузъиёти қатли Исматуллоевро эълон кард

Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри иттилоъияе бар кушта шудани Шӯҳрат Исматуллоев, муовини раиси “Ориёнбонк” эътироф ва ҷузъиёти онро эълон кард. Ба гуфтаи ин ниҳод одамрабоён Исматуллоевро таҳти шиканҷаи шадид ба қатл расонидаанд. 

Ба қавли Додситонии кулл, “роҳбарии гурӯҳи муташаккили ҷиноятиро” Саидмуродов Дилшод Ҳусейнович ба ӯҳда доштааст. Ин ниҳиод иддао мекунад Саидмуродов “нақшаи ҷинояти мазкурро моҳи марти соли 2022 тарҳрезӣ ва барои амалӣ намудани он гурӯҳи муташаккили ҷиноятии яроқнокро зиёда аз 10 нафар ташкил намуда буд”. Дар ҳамин ҳол, таъкид мешавад “он вақт амалӣ намудани ҷинояти номбурда бо сабабҳои аз Саидмуродов Д.Ҳ. ва дигар аъзои гурӯҳ вобастанабуда муяссар нагардид”.

Додситони шарҳ надодааст сабабҳои бааъзои гурӯҳ “вобастанабуда” чи сабабҳоеянд.

Тибқи иттилоъи манбаъ, “23 июни соли 2023 бошад, соати 20:10 дар кўчаи Закариё Розии шаҳри Душанбе Саидмуродов Д.Ҳ. бо аъзои дигари гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ Ашуров Рустам Каримович, Хуҷаев Шоҳрух Хуҷаматович, Ахмедов Акбар Акрамович ва дигарон аз фурсати муносиб истифода бурда, Исматуллоев Ш.А.-ро зуран ба автомашинаи тамғаи «Хюндай — Соната», рақами қайди давлатиаш 01-97М01, рангаш сиёҳ, савор намуда, ба самти деҳаи Шодоб-1, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Чорбоғи ноҳияи Варзоб бурдаанд”.

Дар яке аз хонаҳои ин деҳа, ки ба кӣ тааллуқ доштанаш эълон нашудааст гурӯҳи ҷиноӣ Исматуллоевро “то соати 03:00 рӯзи 24 июн бо истифода аз қувваи ҷисмонӣ, электрошокер, автофен ва дигар таҷҳизотҳо таҳти шиканҷа қарор дода, ба қатл расонидаанд”.

Гуфтанист, , ки субҳи имрӯз дар телеграм-канали Ислоҳ ТВ нашр шуд, Рустам Ашӯров ба кушта шудани Исматуллоев таъкид карда мегӯяд онҳо ӯро “иқа заданд, ки мурд”. 

Додситонӣ дар идомаи иттилоияаш мегӯяд “гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ бо мақсади пинҳон намудани изи ҷиноят дар километри 130 шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ ҷасади Исматуллоев Ш.А. ва автомашинаи тамғаи «Хюндай- Соната»-ро ба дарёи Зарафшон партофтаанд”.

Ашӯров ҳам дар навор таъкид мекунад маҳз ӯ ҷасади Исматуллоевро ба дарё партофтааст. 

Ба гуфтаи додситонӣ, “худи ҳамон рӯз ҷинояткорон Саидмуродов Д.Ҳ. ва Ахмедов А.А. ба Федератсияи Россия, Хуҷаев Ш.Х. ба Ҷумҳурии Туркия ва Ашуров Р.К. 25 июн ба Ҷумҳурии Туркия ва 30 июн ба Ҷумҳурии Молдова фирор намудаанд.

Дар рафти убури Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Молдова Ашуров Р.К. аз тарси дастгир ва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон истирдод шуданаш, таппончаи яке аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи фурудгоҳи шаҳри Кишинёвро гирифта, ду нафари онҳоро ба қатл ва  якчанд нафари дигарро гаравгон гирифта, ҳангоми гузаронидани амалиёти зиддитеррористӣ ярадор ва 3 июл аз ҷароҳатҳои бардошта ҳалок гардидааст”.

Додситонии кулл аз боздошти  нафар “дар доираи парвандаи ҷиноятии мазкур” хабар дода, мегӯяд “баҳри дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани дигар ҷинояткорон бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварҳои хориҷӣ чораҳои дахлдор андешида шуда истодааст”.

Ҳамчунин “ҷустуҷӯи ҷасади Исматуллоев Ш.А. идома дорад”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *