Рубрики Хабарҳо

Кабирӣ дар бораи он, ки аз қуръонсӯзӣ дар Суид кӣ манфиат мебардорад

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон дар як гуфтугӯи онлайнӣ бо Руслан Айсин, блогери русзабони тотор, сӯзонидани Қуръон дар Суидро (Шветсия) таҳрики ҳадафмандона донист, ки ба хотири аҳдофи сиёсӣ аз сӯи мақомоти олирутбаи кишваре роҳандозӣ шудааст.

Ӯ гуфт камтарин шубҳае, ки ин кор ҳадафмандона ба хотири таҳрики мусалмонон, барандохтани кинаву адоват ва дар пайи он бардоштани манфиатҳои сиёсӣ роҳандозӣ ва ҳидоят шудааст, надорад. 

Дар ҳамин ҳол ин сиёсатмадори тоҷик гуфт назари ӯ дар масъала аз назари аксарият фарқ дорад ва ҳарчанд ба бисёриҳо шояд писанд наафтад, бояд гуфта шавад. 

“Дар таҳрик (провокатсия) ду тараф вуҷуд дорад — таҳрикгар ва таҳрикшаванда. Ҳадафи ҳар таҳрике маҷбур кардани тарафи дигар ба посух ва ё вокуниш аст. Дар ҳамин ҳол ин посух ва вокунишҳо метавонанд ба нақшаву тарҳи таҳрикгар шомил бошанд. Яъне ӯ аз аввал ҳама чизро ба ҳисоб гирифтааст” — гуфт Кабирӣ. 

Раҳбари ПМТ таъкид кард “бояд гуфт ин бори дувум аст, ки дар кӯтоҳмуддат қуръонсӯзӣ иттифоқ меафтад ва ҳар ду дафъа ҳам дар Суид. Бояд ин суол гузошта шавад, ки чаро маҳз Суид, дар ҳоле ки ин кишвар то мағзи ҷонаш ба чунин фитнае манфиатдор нест. Суид сахт мекӯшад вориди НАТО шавад, Туркия мухолифат мекунад, дар ҳамин ҳол аввалин кишваре, ки ба қуръонсӯзӣ ва ҳар исломситезии дигаре вокуниш мекунад, Туркия аст. Аз тарафи дигар мо медонем, ки кадом кишваре бештар аз ҳама манфиатдори ворид нашудани Суид ба НАТО мебошад”.  

Дар идома Кабирӣ изҳор дошт, ки “билофосила, фардои сӯзонида шудани Қуръон Путин ба Дарбанди Доғистон меравад, онҷо вориди масҷид мешавад ва ба ӯ Қуръон тақдим мекунанд. Аз паси он Думаи давлатии Русия қуръонсӯзӣ дар Суидро бо шиддат маҳкум мекунад. Ин вокунишҳои “исломдӯстона” аз сӯи мақомоти Русия дар ҳоле сурат мегиранд, ки дар ин кишвар додгоҳе Қуръонро адабиёти экстремистӣ эълон кардааст ва ҳамагон аз муносибати ҳукумати ин кишвар бо ислому мусалмонон ва дар умум инсон огоҳӣ доранд. Чӣ гуна раҳбари кишваре, ки инсон дар он ҳеҷ ҳуқуқе надорад, муқаддасоти исломро ҳимоя мекардааст? Ин парадокс аст”.

Сиёсатмадори тоҷик гуфт яке аз дӯстони маъруф ва таъсиргузораш аз Покистон бо ӯ дар тамос шуда ва аз баргузории тазоҳурот дар Суид бо маҳкумсозии қуръонсӯзӣ хабар дода ва даъват кардааст тоҷикон низ дар он ширкат кунанд. “Ман ба ӯ гуфтам “шумо медонед, ки солона чӣ қадар Қуръон аз ҷониби режимҳо, бадбинони ислом ва ғайра сӯзонида мешавад. Аслан тибқи фиқҳи шаръӣ сӯзонидани Қуръон, албатт агар дар эътироз ё муқобилият бо ислом набошад, ҷоиз аст. Шумо медонед, ки чи миқдор Қуръонҳои кӯҳнашуда, дарида ва ғайра аз тарафи худи мусалмонон, масҷидҳо ва давлатҳои мусалмоннишин сӯзонида мешаванд?”” — изҳор дошт раҳбари ПМТ.

Дар бораи ин ки вокуниши мусалмонон ба ин гуна таҳрикҳо бояд чи гуна бошад, Кабирӣ гуфт “бояд алайҳи он нафар ва мақомоте, ки ба ӯ иҷозаи чунин корро додаанд, шикоят бурд, на сӯзонидани парчами Суид, таҳрими ин кишвар ва ғайра. Чун ҳукумати Суид танҳо қонуни кишварашро риоя мекунад. Тибқи қонуни ин кишвар сӯзонидани Қуръон, Инҷил, Таврот ё “Капитал”-и Марксу китобҳои дигар ҷиноят нест. Албатта ин қонун қонуни хубе нест, аммо қонун аст ва бояд иваз шавад”.  

Руслан Айсин дар идома гуфт “мо дар ин бора як навори кӯтоҳ ҳам пахш карда будем. Рӯзноманигорони суиди баъди бори аввал сӯзонида шудани Қуръон дар ин кишвар собит карда буданд, ки он марди қуръонсӯз на танҳо ба Русия муҳаббат дошта, балки бо “Раша Тудей” (хабаргузории давлатии Русия, ки бо забони англисӣ ва дигар забоншои хориҷӣ пахш мешавад) ҳамкорӣ мекардааст. 

Гуфтанист баъди ҳодисаи дувуми сӯзонидани Қуръон, ки аз тарафи як муҳоҷири ироқӣ сурат гирифт, мақомоти Суид алайҳи ӯ бо иттиҳоми барангехтани кишӯнаву адовати мазҳабӣ, парванда боз кардаанд.

Ҳамчунин дар як наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанад, ин муҳоҷири ироқӣ шикоят мекунад, ки ҳама ӯро тарк кардаанд ва ҳеҷ кас, бо шумули ҳукумати Суид аз ӯ ҳимоят намекунад, дар сурате, ки ӯ таҳдидҳои зиёде дарёфт кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *