Рубрики Хабарҳо

Кабирӣ: шикасти Русия тасаввури ғалат дар зеҳнҳоро ҳам мешиканад

Муҳиддин Қабирӣ, раҳбари Паймони миллии Тоҷикистон мегӯяд пирӯзии Укроин дар ҷанг бо Русия роҳ барои сарнагунии диктотурҳо дар кишварҳои собиқ Шӯравиро боз мекунад. Ӯ мутмаин аст, ки шикасти режими Путин ба шикасти тасаввуроти ғалат дар бораи маҳкум будани кишварҳои кӯчак бар шикаст дар муқобили абарқудратҳо ҳам оварда мерасонад.

Дар мусоҳиба бо сойти литвонии Кабирӣ пайвастани ПМТ ба “Иттиҳоди байналмиллалии зиддиавторитарӣ”-ро, ки аввали моҳи ҷорӣ дар Варшава аз тарафи мухолифини рус ва кишварҳои собиқ Шӯравӣ ташкил шуд, шарҳ дода гуфт: “бисёриҳо дар Осиёи Марказӣ бовар надоранд, ки бо режими Путин мешавад муқобила кард. Пирӯзии укроиниҳо барои онҳо кашфе мешавад ва нишон хоҳад дод, ки ҳатто миллатҳои хурд ҳам метавонанд пирӯз шаванд, агар ба ҳади лозим ҷасорат дошта бошанд”.

Чаро ПМТ маҳз бо гурӯҳи Пономарёв пайваст?

Дар ин мусоҳиба раҳбари мухолифини тоҷик сабаби пайвастани ПМТ ба гурӯҳи мухолифини таҳти раҳбарии Иля Пономарёвро ҳам тавзеҳ дод. 

“Бояд эътироф кунам, ки бархе аз дӯстони рус моро огоҳ карда буданд, ки Пономарёв шахсиятест, ки яксон баҳо дода намешавад. Ман инро мефаҳмам, аммо маҳз ӯ ба мо пешниҳоди иттиҳод кард. На Гарри Каспаров ё Михаил Ходорковский, балки маҳз Иля Пономарёв. Сониян ман ба ин назарам, ки дар Русия ва Осиёи Миёна танҳо бо иқдомоти малмус (конкретӣ) мешавад чизеро тағйир дод. Дар ҳамин ҳол қисми асосии мухолифини Русия мисли қабл ба ин назаранд, ки бо намоишҳои ютубӣ ва нишастҳо мешавад ба ҳадаф расид. Бояд қайд кард, ки ба Пономарёв шахсиятҳои маъруфи мухолифати Русия мисли Владислав Гудков, Андрей Иларионов, Марк Фейгин ва дигарон пайвастаанд. Мо, албатта, барои ҳамкорӣ ба ҳамаи нерӯҳои мухолифи Русия омодаем, аммо ҳоло танҳо ҳамин гурӯҳ ба мо дасти дӯстӣ дароз кардааст” — таъкид кард раҳбари ПМТ.

“Мо зиди ширкати тоҷикон дар ҷанг алайҳи Русия нестем”

Дар бораи нақшаҳои минбаъдаи ИБЗ (Иттиҳоди байналмиллалии зиддиавторитарӣ) Муҳиддин Кабирӣ гуфт “пеш аз ҳама мо бояд ба Укроин кӯмак кунем то пирӯз шавад. Қадами дувум кӯмак ба Русия барои табдил шудан ба як кишвари демократист. Баъд ин интизорро дорем, ки Русияи демократӣ кӯмак мекунад то ҳамин кор дар кишварҳои Осиёи Миёна амалӣ шавад. 

Пирӯзии укроиниҳо ҳади ақал ба ҳаммиллатони ман ин боварро хоҳад дод, ки мо ҳам метавонем пирӯз шавем. Мо аллакай бо ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русия фаъолона кор мекунем ва онҳоро мутақоид месозем, ки аз тарафи Русия ҷанг накунанд. Мо ба онҳо ёд медиҳем чи гуна аз басиҷ (мобилизатсия) дар амон монанд. 

Дар айни замон мо бо Укроин гуфтушунид дорем, то ҳуқуқи тоҷиконеро, ки асир меафтанд, таъмин созем. Мо ҳамватанонамонро барои пайвастан ба артиши Укроин таблиғ намекунем, аммо зид ҳам нестем. Фақат мо ҳеҷ гуна созмонҳои низомии миллӣ таъсис намедиҳем. Ба ҳар ҳол, ҳақ ҷониби Укроин аст ва агар нафаре тасмим гирифт, ки дар ҷанг ширкат кунад, бояд ҳатман аз ҷониби Укроин бошад”. 

Кӯмаки Тоҷикистон ба Русия дар давр задани таҳримҳо

Дар бораи кӯмаки Тоҷикистон ба Русия, аз ҷумла дар давр задани таҳримҳо, интиқоли сарбоз ва паҳподҳои эронӣ раҳбари мухолифини тоҷик гуфт маълумоте дар ин бора дар даст дорад, аммо онҳо ҳанӯз дақиқ нашудаанд. 

Ӯ гуфт “Раҳмон таҷрибаи бузурге дар давр задани таҳримҳо дорад. Ӯ ин корро бо эрониҳо карда буд. Ҳолате буд, ки чанд миллиард долларҳои нафтии Эрон ба Тоҷикистон омаданд ва ончо бояд “шуста мешуданд”. Байни мақомоти Эрон ва соҳибкоре, ки пулҳоро ба Тоҷикистон овард мушкилот ба вуҷуд омаданд ва Раҳмон ин пулҳоро дуздид. Фикр мекунам Путин ҳам ба ин “хидматрасониҳои” Раҳмон эҳтиёҷ дорад, аммо бояд аз эҳтиёт кор гирад.

Моҳи июл Путин ба Тоҷикистон рафта буд ва то ҷое, ки маълум аст, 3 масъала баррасӣ гашт: Афғонистон, таҳримҳо ва Укроин. Ин маълумот то ҳол тасдиқ нашудааст, аммо манобеъи мо гуфтанд, ки дар содироти тиллои Русия тавассути Тоҷикистон ба тавофуқ расидаанд”. 

Ширкати тоҷикон дар ҷанг алайҳи Укроин 

Дар бораи ширкати тоҷикон дар сафи артиши Русия алайҳи Укроин сиёсатмадори тоҷик гуфт “чанде қабл дар Тоҷикистон як ширкати хусусии низомӣ таъсис шуд, ки тибқи маълумоти мо ба истихдоми низомиён шурӯъ кардааст. Мо маълумот надорем, ки онҳоро маҳз ба Укроин мефиристанд, аммо дигар ба куҷо? 

Метавон бо итминон гуфт, ки Русия фаъолона мекӯшад шаҳрвандони тоҷики муқим ин кишварро, ки хеле зиёданд, ба ҷанг истихдом кунад. Режими Раҳмон чунин нишон медиҳад, ки гӯё муқобили ин иқдом аст,  аммо мо ба ин назарем, ки ӯ баръакс ин корро дастгирӣ мекунад. Воқеъан, ҷанде қабл Раҳмон ошкоро шикоят дошт, ки барои Путин “ҳама корро мекунад” аммо кӯмаки мутақобил намебинад. Наздик буд эътироф кунад, ки ҷанги Русияро дастгирӣ мекунад, аммо дар охирин лаҳза худдорӣ кард”. 

“Паҳподҳои Эрон дар Тоҷикистон вуҷуд доранд”

Раҳбари ПМТ дар бораи кӯмаки таслиҳотии Тоҷикистон ба Русия дар ҷанг алайҳи Укроин гуфт “мо наметавонем овозаҳо дар бораи интиқоли паҳродҳои эронӣ тавассути кишварамон ба Русияро тасдиқ кунем, аммо ин имконро баъид намедонем. Чун соле қабл дар Тоҷикистон корхонаи истеҳсоли паҳмодҳои эронӣ тантанавор ифтитоҳ шуда буд. Хеле имкон дорад, ки он барои Русия силоҳ истеҳсол кунад. 

Гузашта аз ин, ба наздикӣ Эрон эълом кард, ки ба Тоҷикистон истифодаи паҳподҳои эронӣ дар муноқиша бо Қирғизистонро манъ кардааст. Пас, ин паҳмодҳо вуҷуд доранд”.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *