Амрико ва Толибон дар мавриди озодсозии миллиардҳо доллари блокашудаи Бонки марказии Афғонистон ба ҳам наздик шудаанд. Амрико пешниҳод кардааст ин дороиҳоро ба як сандуқи амне дар як кишвари савум мунтақил кунад.
Конфронси байналмилалии Афғонистон рӯзи душанбе, 25 июл кори худро бо мушорикати ҳайате аз гурӯҳи Толибон ва намояндагони 20 кишвар ва Созмон дар Тошканд, пойтахти Узбекистон оғоз кард.
Томас Васт ва Рино Амирӣ, намояндагони вежаи Иёлоти муттаҳида барои Афғонистон дар ин иҷлос ширкат доранд ва вазорати хориҷаи Амрико дар баёнияе гуфтааст Браян Нелсон, муовини вазири хазонадории ин кишвар рӯзи чаҳоршанбе ба онҳо мепайвандад.
Ҳамзамон бо дувумин рӯзи баргузории ин конфронс хабаргузории Рейтерз ба нақл аз се манбаъи огоҳ гузориш дод намояндагони Амрико ва Толибон дар мавриди озодсозии дороиҳои блокшудаи Бонки марказии Афғонистон дар Иёлоти муттаҳида ба ҳам наздик шудаанд.
Ба эътиқоди коршиносон дар дувумини зимистон пас аз қудратгирии Толибон, хатари гуруснагӣ миллионҳо шаҳрванди Афғонистонро таҳдид мекунад.
Умед меравад буҳрони иқтисодии Афғонистон, ки пас аз ҳамлаи низомии Русия ба Укроин ва афзоиши шадиди қимати ғалла дар бозорҳои ҷаҳонӣ ташдид шуд, бо озодсозии дороиҳои блокшудаи Бонки марказӣ то ҳудуде коҳиш ёбад.
Роҳи дароз то тавофуқи ниҳоӣ
Манобеъи огоҳ гуфтаанд намояндагони Амрико ва Толибон дар бораи эҷоди як сандуқи амне барои интиқоли пулҳои блокшуда пешниҳодҳое раду бадал кардаанд аммо ҳанӯз то расидан ба тавофуқи ниҳоӣ роҳи дарозе дар пеш аст.
Зоҳиран Толибон бо пешшарти Амрико барои тағйири бархе мудирони аршади Бонки марказӣ, ки яке аз онҳо монанди бисёре дигар аз раҳбарони ин гурӯҳ дар феҳристи таҳримҳои Иёлоти муттаҳида қарор доранд, мувофиқат накардаанд.
Вашингтон дар назар дорад аз ин тариқ ҷилави дахолати беш аз ҳадди Толибон дар умури Бонки марказӣ гирифта шавад ва миллиардҳо доллари озодшуда ба ҷойҳои тавофуқшуда бирасанд.
Рейтерз ба нақл аз манобеъи наздик ба Толибон мегӯяд ин гурӯҳ бо эҷоди як сандуқи амн мухолифате надорад аммо пешниҳоди Амрико барои сипурдани контроли он ба тарафи савумро намепазирад.
Пас аз тасаллути Толибон бар Кобул дар августи соли 2021 ва сарнагунии давлати Ашраф Ғанӣ, Амрико ҳудуди ҳафт миллиард доллар захираҳои арзии Бонки марказии Афғонистон дар Иёлоти муттаҳидаро блок кард.
Як мақоми наздик ба ҳайати амрикоӣ ба Рейтерз гуфтааст Иёлоти муттаҳида дар ҳоли баррасии сипурдани контроли ин сандуқи амн ба Бонки ҷаҳонӣ аст, ки назорат бар кумакҳои хориҷӣ барои Афғонистонро низ бар ӯҳда дорад.
Захоире, ки мушкили Афғонистонро комилан ҳал намекунанд
Захоири арзии блокшудаи Бонки марказии Афғонистон дар хориҷ ҳудуди 9 миллиард доллар баровард мешавад, ки ҳафт миллиард доллари он дар Иёлоти муттаҳида масдуд шудааст.
Бисёре аз кишварҳои ҷаҳон ҳукумати Толибонро ба расмият намешиносанд ва ин гурӯҳро ба нақзи ҳуқуқи башар, маҳдуд кардани шадиди озодии занон ва эъдоми шаҳрвандон бидуни муҳокима ва ҳукми қазоӣ муттаҳам мекунанд.
Таҳлилгарон мӯътақиданд озодсозии дороии масдудшудаи Бонки марказӣ фақат метавонад ба таври муваққат мушкилоти иқтисодии Афғонистонро коҳиш диҳад ва ин кишвар бояд барои истодан рӯй пойи худ ба манобеъи ҷадиди даромад даст пайдо кунад.
Ҳудуди ҳафтод дарсади буҷаи Афғонистон то пеш аз қудратгирии Толибон тавассути кишварҳои хориҷӣ таъмин мешуд ва ин кумакҳо аз августи соли пеш тақрибан ба таври комил қатъ шудаанд.