Рубрики Хабарҳо

Баромади Эмомалӣ Раҳмон мухолифонро ба саҳна кашид (Навор)

Суханронии раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ба гуфтаи Темур Варқӣ ҳади ақал хилофи 6 моддаи Сарқонуни Тоҷикистон буд, мухолифони сиёсии ҳукумати Тоҷикистонро фаъол кард.

Дар ин суханронӣ раисҷумҳури Тоҷикистон, ҲНИТ-ро ба шиъагароӣ муттаҳам кард, фатвои дод 60 дарсади мардуми Тоҷикистон метавонанд рӯза нагиранд, барои бори панҷум маслиҳат дод мардум маводи хӯрока барои ду сол захира кунанд, даъво кард дар сарҳади Тоҷикистон 7000 ҷангҷӯ бо раҳбарии ҲНИТ ҷамъ омадаанд ва мисли ҳамеша ба шукронаву зиракии сиёсӣ даъват кард.

Ин суханронии ӯ билофосила ба вокуниши тунди мухолифин мувоҷеҳ шуд. Темур Варқӣ, рӯзноманигори шинохта ва аз раҳбарони Анҷумани озодандешони тоҷик  гуфт Эмомалӣ Раҳмон дар ин баромадаш ҳади ақал 6 моддаи кардааст ва бояд ба додгоҳ кашида шавад.

Шарофиддин Гадоев, ҳамоҳангсози ҷунбиши Ислоҳот ва рушди Тоҷикистон дар ба суханронии раисҷумҳури Тоҷикистон гуфт ӯ дар ҳоле пайваста аз терроризм ҳарф мезанад, ки худаш террорист аст ва дар куштори ҳазорон инсони бегуноҳ даст дорад. Ва изҳор кард далоиле дар даст дорад, ки наздикони раисҷумҳур ба Толибон яроқ мефурӯшанд ва режими Эмомалӣ Раҳмон дар гӯшаву канори дунё даст ба терроризм мезанад.

Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ҳам , ки бо Алим Шерзамонов, дабири Анҷумани озодандешони тоҷик аз сабки худ, ки нармгуфторӣ аст хориҷ шуд ва хонаводаи Эмомалӣ Раҳмонро “дузд, ғоратгар ва фасодкор” хонд. Раҳбари ҲНИТ гуфт дигар фурсати амалкардҳои ҷиддитар фаро расидааст ва ваъда кард ҳар моҳ 1 ё 2 маротиба тамосу сӯҳбати видеоӣ хоҳад дошт.

Шоми гузашта масъули намояндагии ҲНИТ дар Олмон Ҷаннатуллоҳи Комил ҳам бо як пахши мустақими видеоӣ вориди ин баҳс шуд ва мардумро ба шуҷоъату далерӣ даъват кард. Ӯ гуфт тоҷикон ҳамеша дар шуҷоъат намунаи ҷаҳониён буданд, вале имрӯз дар муқобили зулми бузург хомӯширо интихоб кардаанд. Ӯ ҳамчунин бо овардани далоиле аз Қуръону ҳадис ва гуфтори бузургон шуҷоъатро яке аз 4 хислати писандидаи инсон хонд.

Баромади Ҷанатуллоҳро инҷо бубинед:

Ба назар мерасад вокунишҳо ҳанӯз ба итмом нарасидаанд ва мо шоҳиди баромадҳои тунди дигаре аз тарафи мухолифин хоҳем шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *