Заъфарон “тиллои сурх”-и Афғонистон ба кишварҳои мухталифи ҷаҳон аз ҷумла Туркия ва Амрико содир мешавад.
Заъфарони Афғонистон, ки аз он бо унвони “тиллои сурх”-и ин кишвар ёд мешавад, яке аз пурдаромадтарин маҳсулоти зироъатии манотиқи ғарбӣ ба вижа вилояти Ҳирот аст.
Заъфарони тавлидӣ дар вилояти Ҳирот, ки дар сохти ранг, маводи ороишӣ ва беҳдоштӣ, дорӯ ва маводи мухталифи ғизоӣ мавриди истифода қарор мегирад, бештар ба кишварҳои ҷаҳон содир мешавад.
Тавлидкунандагон ва содиркунандагони заъфарон дар вилояти Ҳирот аз давлати муваққати Толибон мехоҳанд, ки ба тавсеаи кишт ва тиҷорати заъфарон таваҷҷуҳи бештаре дошта бошад.
Ҳоҷӣ Наҷибуллоҳ Раҳматӣ, мудиромили ширкати тиллои сурхи заъфарони Ҳироти Афғонистон ба хабарнигори Анатолуи Туркия гуфтааст, ки онҳо тақрибан тамоми заъфарони тавлидии худро ба кишварҳои хориҷӣ содир мекунанд.
Раҳматӣ бо баёни ин ки намояндагиҳои ин ширкат дар Истамбул, Ню-йорк ва Дубай фаъолият доранд, тасреҳ кард: “заъфарони тавлиди худро умдатан ба кишварҳои Арабистони Саудӣ, Туркия, Индонезия, Амрико, Норвегия, Суис (Швейтсария), Ҳинд, Олмон ва Канада содир мекунем.”
Раҳматӣ гуфт: “ранги заъфарони Афғонистон аз ранги заъафрони кишварҳои дигар тиратар аст ва ба ҳамин далел кайфияти он низ бисёр болост. Солона 250 то 300 килограмм заъфарон тавлид мекунем ва як грамми онро ба таври мутавассит 2 то 3 доллар мефурӯшем.”
Ҳоҷӣ Муҳаммад Акбар, яке аз корофаринони вилояти Ҳирот ҳудуди 30 сол пеш барои аввалин бор кишти заъфаронро дар Афғонистон оғоз кард. Пас аз равнақи санъати заъфарон дар Ҳирот аз сӯи Ҳомид Карзай, раисҷумҳури собиқ Афғонистон ба ӯ лақаби “падари заъфарон” дода шуд. Вай ду сол пеш дар сини 83 солагӣ дар Ҳирот даргузашт.
Бисёре аз кишоварзон ва бозаргонони афғон низ бо илҳом аз ибтикори ҳоҷӣ Муҳаммад Акбар ба кишту тиҷорати заъфарон рӯй оварданд.