Рубрики Хабарҳо

«Ноне набуд». Ё ифшогарии маҳбусе, ки «аз нон заҳролуд шуда буд» (Навор)

7 июли соли гузашта чаҳордаҳ маҳбуси зиндонҳои вилояти Суғд ҳини интиқол ба маҳбасҳои ҷануби кишвар ҷон бохтанд. Мақомот эълон карданд ин ҳодиса ҳини интиқоли 128 нафар маҳкумшуда (120 мард ва 8 зан) рух додааст ва сабаби онро заҳролудшавӣ аз ноне номиданд, ки яке аз маҳбусон бо худ гирифтааст. 

Коршиносон ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба ин даъвои мақомоти давлатӣ бовар накарда гуфтанд, ки маҳбусон амдан ҳадафи куштор қарор ёфтаанд. Паём ҳам он замон бо овардани собит карда буд, ки мақомот дурӯғ мегӯянд. 

Новобаста аз зери бори шадиди танқиду масхара қарор додани ин даъвои Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон Додситонии кулл, додгоҳ ва Вазорати корҳои дохила онро тасдиқ карданд. 

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон зимни нишасти хабариаш дар 16 июл, яъне як ҳафта пас аз марги 14 нафар гуфт, ки заҳролудшавии маҳбусон аз нон зимни интиқол аз Хуҷанд ба Душанбе имкони зиёд дорад ва ҳоло гурӯҳи махсуси додситонӣ қазияро таҳқиқ мекунад. Ӯ гуфт ин ки онҳо заҳролуд шудаанд, дигар аниқ аст, вале аз нон заҳролуд шудаад ё аз чизи дигар, таҳқиқот нишон медиҳад. 

Додситони кулл ҳамчунин латукӯб шудани маҳбусон зимни интиқолро рад кард. Қабл аз нишасти хабарии ӯ дар расонаҳо акси ду нафар аз ин маҳбусон нашр шуда буд, ки дар баданашон асари латукӯб дида мешуд. Ҳамчунин наздикони онҳо гуфта буданд асари латукӯб ва шикастагиву хунрезиро мушоҳида кардаанд.

Аммо Юсуф Раҳмон бо сароҳат латукӯбшавии маҳбусонро рад кард: “Бо масъулият мегӯям, ки ягон маҳбус аз латукӯб ҷон надодааст, нишони латукӯб ё зӯроварӣ дар онҳо дида нашудааст” — гуфт ӯ.

Юсуф Раҳмон ҳамчунин изҳор дошт  интиқоли маҳбусон аз Хуҷанд ба Душанбе тибқи нақша сурат гирифта буд ва 14 нафар кушташуда дар ошӯби Ваҳдат даст надоштанд. 

Заҳролудшавӣ аз нон, бахусус марг аз он ҳодисаи бисёр камназир ва шояд беназир дар ҷаҳон бошад, ки мо назирашро пайдо накардем. Албатта чанд ҳодисаи заҳролудшавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки пайдо шудани он гуна шароит дар асри 21 тақрибан ғайриимкон аст. Коршиносоне ҳам, ки Паём дар бо онҳо дар ин бора сӯҳбат кард, ин корро тақрибан ғайриимкон номиданд. 

Билохира Паём яке аз ин маҳбусонеро, ки ҳамон рӯзи фоҷеъабори 7 июли 2019 ҳамроҳ бо 127 нафари дигар аз Хуҷанд ба Душанбе интиқол ёфта буданд пайдо кард. Ончи ӯ қисса кард, қалби инсонро реш месозад, вале бояд шунида шавад.

Ин ҷавони 24 сола, ки танҳо ба хотири эътирозаш ба акси Эмомалӣ Раҳмон дар масҷид боздошт, шиканҷа ва зиндон шудааст, бо инояти Парвардгор дар он фоҷеъаи дастсохт зинда мондааст. Ӯ мегӯяд 4 бор беҳуш шуд, аммо назди дар қарор доштанаш наҷоташ дод. 

“Аз мошини мо 8 нафар ҷон доданд. Чанд бор беҳуш шуданд ва билохира дигар ба ҳуш наомаданд” — мегӯяд ӯ. Ин иттилоъи маҳбуси собиқ аввалин рад ба заҳролудшавӣ аз нон аст. Мақомот гуфта буданд ҳамаи ҷонбохтаҳо дар як мошин қарор доштанд ва нони як нафарро истеъмол кардаанд.

“Қабл аз он ки моро ба мошинҳо бор кунанд, тамоми тирезаҳои онро кафшер карданд. Яке аз пулсиҳое, ки ҳамроҳи Нуриддин Раҳмон омада буд, ба наздамон омаду гуфт “ҳамаатонро мекушанд, зуд ба расонаҳо занг занед”.

Нуриддин Раҳмон, дарандатарину золимтарин зиндонбони Тоҷикистон аст, ки замони (Иззатулло Шарифов) муовини  буд ва ҳамеша нақши роҳбари чуб ба дастро иҷро мекард. Ӯ латукӯб мекарду Зорро бо кулча меомад ва ором мекард. Баъди ба ҷои Шарифов таъин шудани Мансур Умаров, Нуриддин Раҳмон дар мансаб каме поинтар рафт, вале нақшаш боқӣ монд.

Ӯ қисса мекунад, ки вақте Нуриддин Раҳмон ба кафшер кардани тирезаҳои мошинҳои махсуси маҳбускашонӣ амр кард, сардори боздоштгоҳи муваққатӣ ба ӯ эътироз намуд, ки “ин одамонро мекушӣ”. Нуриддин посух дод “ин фалони очаҳо одам нестанд, агар мурданд, сазояшон ҳамин аст”. 

“Нуриддин Раҳмон худашро мусалмон мегӯяд, аммо вақте касе хоҳиш кард “ба номи Аллоҳ ба мо раҳм кун” посух дод, ки “ман Аллоҳатонро фалон кардам, куҷост Аллоҳи шумо? Бо ҳамин Аллоҳ гӯиятон дунёро хароб кардед” — идома медиҳад ӯ.

“Ягон нафар прапоршик ба мошин нанишаст, чунки медонистанд кушта мешаванд, — мегӯяд ин маҳбус. — Аскарони бечораро барои нигаҳбонии мо ба мошин бор карданд. Онҳо вақте аз ҳуш рафтану ҷон додани маҳбусонро диданд, гиря мекарданд. Нуриддин Раҳмон ба сарашон дод мезад, ки “фалони очаҳо чӣ гиря мекунед? Касе намурдааст, инҳо масхарабозӣ мекунанд” ва бо чӯбдаст мурдаҳоро латукӯб мекард.

Дар бораи ноне, ки мақомот даъво карданд маҳбусонро заҳролуд кардааст, ин маҳбуси собиқ мегӯяд “ба Худо қасам ҳеҷ ноне набуд. Мо ҳарчӣ аз хӯрданӣ доштем, ҳаммашро гирифтанд. Ҳатто оби хунук надоданд. Дар гармии  дараҷа, ки дохили мошин илоҷи нафаскашӣ нест, ба мо оби ҷӯш доданд. Дигар чизе барои тановул надоштем”.

Вақте аз даҳшати он рӯз ҳарф мезанад, садояш меларзад. “Ин Нуриддин Раҳмон аслан хуни одамӣ надорад. Мурдаҳоро бо чӯбдаст латукӯб кард, ки бархезед. Ҷасадҳоро мисли ҷасади гӯсфанди худмурда аз мошин ба замин мепартофтанд”. 

Фоҷеъаи  7 июли соли 2019 ягона ва ҳатто бузргтарин фоҷеъае нест, ки ин ҷавони ҳамиак саломатиашро аздастдода таҷриба кардааст. “Вақте маро боздошт карданд, сурати чанд нафарро нишон дода гуфтанд, ки “инҳо сокинони Чоркӯҳ ва аъзои ҲНИТ ҳастанд. Ту бояд баёнот диҳӣ, ки онҳо туро барои ба Сурия рафтан ташвиқ мекарданд”. Вақте рад карданд, таҳдид карданд, ки бо иттиҳоме падарамро 20 сол зиндон мекунанд. Боз ҳам розӣ нашуданд. Он вақт ҳамсарамро оварданду гуфтанд дар пеши чашмонам таҷовуз хоҳанд кард. Дигар маҷбур будам розӣ шавам”.

Аммо то он замон ӯро бо барқ шиканҷа кардаву нохунҳояшро канда буданд. “Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Чкаловск (ҳоло Бӯстон)як ҳавз дорад. Обаш хеле сард. ба ҳавз мепартоянду барқро пайваст мекунанд ва вақте аз он печутоб хӯрдан гирифтӣ, мепурсанд, ки “ба калла мегирӣ”. Розӣ мешавӣ ва берунат меоранд. Аммо вақте аз азоб берун шудӣ боз рад мекунӣ. Чӣ гуна мешавад гуноҳи накардаатро ба дӯш гирӣ? Дубора ба об мепартоянду барқро пайваст мекунанд”.

Ҳатто ҳамин дар ҳавзи об ба барқ пайвастан охири шиканҷаи барқӣ нест. “Ба нӯги олати мардиам ҳам барқ пайваст карданд, — мегӯяд ӯ. — Нохунҳои поямро канданд, ки то ҳол изашон боқист”.

Ӯро бо моддаи “стандарти”-и 307 маҳкум ба 6 соли зиндон карданд. Ва номаш баъди ду сол дар рӯйхати онҳое қарор гирифт, ки бояд ба Душанбе дар он хатсайри фоҷеъавӣ интиқол ёбад. Хатсайре, ки Нуриддин Раҳмон мехост 128 маҳбусро ба куштан диҳад. 

Достони Нуриддин Раҳмон маъруф аст. Ӯ аз хунхортарин ҷаллодони режими Эмомалӣ Раҳмон ва аз қазо ҳамному ҳамнасаби бародараш аст. Аммо ҳоло маълум мешавад, чунон дасти дарозе доштааст, ки метавонад даҳҳо нафарро якбора бикушад ва касе натавонад пишакашро “пишт” гӯяд.
Фарзияи бо нон заҳролудшавии маҳбусон, ки маълум мешавад фарзияи ӯст чунон аблаҳона буд, ки ҳатто кӯдакон ба он бовар накарданд. Аммо Вазорати корҳои дохила, Додситонии кулл ва додгоҳ ин фарзияро тасдиқ ва онро сабаби аслии марги 14 нафар гуфтанд.

Суоли матраҳ ин аст, ки ин се ниҳод барои тасдиқи фарзия аз Нуриддин Раҳмон ришва гирифтанд ё вазни ӯ дар ҳадест, ки маҷбур буданд бо сари хам онро тасдиқ кунанд?

Албатта рӯзе посухи ин суол ҳам пайдо хоҳад шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *