Рубрики Хабарҳо

Рустами Эмомалӣ ягона номзад ба президентии CAFA боқӣ мемонад

Рустами Эмомалӣ, шаҳдори Душанбе ва раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон, ки писари раисҷумҳур ҳам ҳаст, ягона номзад дар интихоботи навбатии президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA)  боқӣ мемонад. Дар ин бора сомонаи расмии CAFA хабар медиҳад. Феълан ҳам Рустам президенти ин созмон аст.

Конгресси ҳаштуми Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ рӯзи 2 май дар Душанбе  баргузор мешавад ва қарор аст дар президент ва ноибҳои ӯ интихоб шаванд. 

Падари Рустами Эмомалӣ, раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомаӣ Раҳмон низ ба ҷуз раисҷумҳурӣ чандин вазифаи дигар, аз ҷумла раиси ҳукумат, раиси ҲХДТ ва бархе ниҳодҳои варзишӣ, аз ҷумла Кумитаи олимпии Тоҷикистонро ба дӯш дорад.

Бинобар иттилои сомонаи расмии CAFA, тибқи моддаи 31-и Оинномаи созмон дар Конгресси ҳаштум интихоботи роҳбарияти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ барои давраи чорсолаи нав (2023-2027) баргузор мешавад. Дар Конгресс президент, ду ноиби президент, узви Кумитаи иҷроияи Конфедератсияи футболи Осиё, ки аз CAFA намояндагӣ мекунад, инчунин як узви Кумитаи иҷроияи Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ ва як зан узви Кумитаи иҷроия интихоб хоҳанд шуд.

Номзад ба президенти CAFA (муҳлат барои чаҳор сол – 2023-2027):

1. Рустами Эмомалӣ (Тоҷикистон).

Номзадҳои ноиби президенти CAFA:

1. Муҳаммад Юсуф Коргар (Афғонистон).

2. Арслан Айназаров (Туркманистон).

3. Равшан Ирматов (Узбекистон).

Номзад ба узвияти Кумитаи иҷроияи КФО, ки аз CAFA намояндагӣ мекунад:

1. Достонбек Конокбоев (Қирғизистон).

Номзад ба узвияти Кумитаи иҷроияи CAFA:

1. Ҳидоят Момбенӣ (Эрон).

Номзади зан ба узвияти Кумитаи Иҷроияи CAFA:

Нест.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *