Рубрики Хабарҳо

Тоҷикистон бо пули БОР аз Чин воксин мехарад

Тоҷикистон аз Чин беш аз 3 миллион воя ваксинаи «Коронавак» мехарад.

Тибқи иттилоъи Вазорати тандурустӣ қарор аст, ширкати созандаи ин ваксина Sinovac дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин созишномаи харид ва интиқоли онро пешниҳод кунад. Гуфтугӯ дар ин замина рӯзи 13-уми июли соли равон сурат гирифтааст. Гуфта мешавад, маблағи вояҳои ваксинаи «Коронавак» аз ҳисоби Созишномаи грантии байни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд пардохт мегардад. Харидорӣ ва таҳвили ваксинаҳо ба Тоҷикистон тавассути Хазинаи кӯдакони СММ сурат хоҳад гирифт.

Аз ин пештар Чин ба Тоҷикистон 300 ҳазор воя ваксинаи «Коронавак»-ро ҳамчун кӯмаки башардӯстона расонда буд. Дар ҳамин ҳол, рӯзи гузашта тибқи омори расмӣ боз 47 нафари дигар дар Тоҷикистон ба коронавирус мубтало шуда, 2 кас фавтидааст.

Ҳоло шумори расмии ҷонбохтагон аз коронавируси нав дар Тоҷикистон ба 109 нафар расид. Тибқи иттилои расмӣ, то бегоҳи 14-уми июл теъдоди умумии гирифторон ба COVID-19 дар Тоҷикистон ба 13958 нафар расида, ба иддаои мақомот, қариб 98 дарсади онҳо шифо ёфтаанд. Баъзе сокинону мутахассисон ин оморро низ зери шубҳа мегузоранд

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *