Баъди ду ҳафтаи шурӯъи боздошт, латукӯб, таҳқир ва истирдоди тоҷикон, додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон ба ҳамтои русаш муроҷиъат кард, то ӯ “ҳаракатҳои кормандони алоҳидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи” Русия баҳои ҳуқуқӣ диҳад.
Дар ҳоле, ки аз шурӯъи латукӯбу боздоштҳо ду ҳафта гузашта ва садҳо нафар боздошту даҳҳо нафар маҷрӯҳ ва ҳади ақал 143 нафар истирдод шудаанд ва боздоштҳо ҳанӯз илома доранд, дафтари матбуотии Додситонии кулл иддао карда, ки Юсуф Раҳмон “барқияи фаврӣ” ирсол намудааст.
Тибқи иттилоъи манбаъ додситони кулл “вобаста ба боздошти оммавии муҳоҷирони Ҷумҳурии Тоҷикистон, лату кӯб ва муносибати бераҳмона нисбати онҳо, инчунин боздошти шумораи зиёди донишҷӯёни тоҷик аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба Прокуратураи генералии Федератсияи Россия барқияи фаврӣ ирсол намуда, тақозо намуд, ки ҳаракатҳои кормандони алоҳидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Федератсияи Россия нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш қарор дода шуда, ба он баҳои ҳуқуқӣ дода шавад”.
Дар ҳамин ҳол, бахши дипломатии кишвар ҳанӯз хомӯш аст ва ҳеҷ садое аз раисҷумҳур, сарвазир, раисони ду табақи парлумон ва Вазорати корҳои хориҷа шунида нашудааст.