Мариус Фоссум, намояндаи минтақавии Кумитаи норвежии Хелсинки дар Осиёи Марказӣ бо нашри як силсилатвит ба боздошту латукӯби тоҷикон дар Русия вокуниш кард ва сабаби аслии онро бетаваҷҷӯҳии мақомоти Тоҷикистон ба тақдири шаҳрвандони худ номид.
Ӯ дар саҳифаи твиттерии худ навишт “Мақомоти Русия ахиран дар як маъракаи ҳамоҳангшуда, шурӯъ ба боздошти дастаҷамъии тоҷикҳо дар саросари кишвар карданд. Ба гуфтаи манобеъи мо, ин ҳамалот ва боздоштҳои пулис, ки ахиран оғоз шудааст, асосан шомили муҳоҷирони тоҷикистонӣ буда ва ба муҳоҷирони дигар аз Осиёи Марказиро тақрибан дахл накардааст”.
Фоссум мегӯяд тааҷҷубе аз ваҳшигарии мақомоти рус надорад: “Бо ҷанги ҷинояткоронааш дар Украина, моҳияти ваҳшиёнаи режими Русия барои ҳеҷ кас набояд тааҷҷубовар бошад: ин наворе, ки тавассути манобеъи тоҷик нашр шудааст, нишон медиҳад чи гуна мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Русия зимни боздошту таъқибҳо бо муҳоҷирон тоҷикро ваҳшиёна рафтор мекунанд”.
Ба гуфтаи ӯ ангезаҳои саркӯби тоҷикон мушаххас нест. “Аз он ҷо, ки саркӯб асосан тоҷикҳоро ҳадаф қарор медиҳад, бархе онро фишори Кремл бар Душанбе медонанд — пулҳои ирсолкунандаи муҳоҷирон 25 дарсади тавлид нохолиси дохилии Тоҷикистонро ташкил медиҳад”.
Намояндаи Кумитаи норвежии Хелсинки бо истинод ба бархе тоҷикон, ки бо онҳо сӯҳбат кардааст, менависад, ки “бисёре аз ин тоҷикон хавф доранд, ки онҳоро ба Украина мефиристанд то ба ҳайси сипари зинда дар ҷанги ҷинояткоронаи Русия истифода кунанд”.
Ӯ изҳор дошта, ки “режими Русия ҳамеша бетаваҷҷӯҳии ошкор ба эҳтироми ҳаёти шаҳрванд нишон медиҳад, бо ин ҳол, то ҳадди мумкин тарҷеҳ медиҳад бештар ақаллиятҳои қавмии Русия қурбонӣ диҳанд”.
Фоссум бо истинод ба изҳор дошта, ки “бар асос баровардҳо, беш аз ду миллион тоҷик дар Русия зиндагӣ мекунанд. Аксари онҳо коргарони муҳоҷир ва коргарони мавсимӣ ҳастанд ва бештарашон мардони синни даъват ба артиш мебошанд”.
“Аз сӯи дигар, режими Тоҷикистон ҳаргиз аз ҳуқуқи шаҳрвандонаш ҳимоят накардааст. Кумитаи норвежии Хелсинки беш аз 450 мавриди ҳабси сиёсиро дар солҳои ахир дар Тоҷикистон сабт кардааст, ҷое, ки шиканҷа ва дигар мавридҳои нақзи фоҳиши ҳуқуқи башар ҳамчунон як раванди систематик аст” — қайд кардааст намояндаи Кумитаи норвежии Хелсинки дар ОМ.
Ӯ таъкид карда, “ҳоло, ки мақомот рус тоҷиконро ваҳшиёнаву дастаҷамъона шикор мекунанд, диаспораҳои тоҷик шикоят мекунанд, ки давлати Тоҷикистон ҳамчунон хомӯш аст ва барои муҳофизат аз шаҳрвандони худ дар ҷараёни саркӯбҳои саросарӣ кори чандоне анҷом намедиҳад”.
Ва тасреҳ мекунад “идомаи нокомии мақомоти Тоҷикистон дар тазмини ҳуқуқ ва шаъни инсонии муҳоҷирони сершумор ва ҳамчунин ҷамъияти дохилӣ, машрӯъияти рӯ ба заволи режимро дар Тоҷикстон бештар аз байн хоҳад бурд”.