Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки барои ширкат дар ҳамоиши якуми сарони давлатҳои арабии Халиҷ ва Осиёи Марказӣ ба Арбаистони Саудӣ рафтааст, кишварҳои арабиро ба сармоягузорӣ дар тарҳҳои гидроэнергетикии кишвараш даъват кард. Бузургтарини ин тарҳҳо НОБ “Роғун” аст, ки даҳсолаҳост идома дорад ва ҳукумати Раҳмон ҳамеша дар ҷустуҷӯи сармоягузорон ба он мебошад.
Ӯ зимни суханрониаш дар ин нишаст соҳаҳои энергетика, саноат, бахусус саноати сабук, хӯрокворӣ, истихроҷи маъдан, кишоварзӣ, бонкдорӣ, сайёҳӣ, иттилоотиву коммуникатсионӣ, рақамикунонии иқтисодиётро аз самтҳои афзалиятноки кишвар дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ номид ва изҳор дошт “мо умед дорем, ки кишварҳои арабии Халиҷ ва ниҳодҳои молиявии онҳо тавассути сармоягузорӣ дар татбиқи тарҳҳои гидроэнергетикӣ саҳм хоҳанд гузошт”.
Раҳмон ҳамчунин ҷалби сармояи кишварҳои арабии Халиҷро ба сохтмони шоҳроҳҳои автомобилгард ва роҳҳои оҳани муосир ҷиҳати баромадан ба бандарҳои баҳрӣ муҳим донист.
Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин пешниҳоди таъсиси Фонди махсус барои сармоягузорӣ ва дастгирии рушд дар сиғаи “Осиёи Марказӣ-Халиҷ” пешниҳод кард.
“Бо дарназардошти таҳаввулоти глобалии имрӯза, ҳамчунин зарурати таъсиси Фонди махсуси сармоягузорӣ ва рушдро дар доираи Созмони ҳамкории исломӣ барои дастгирии молиявии кишварҳои рӯ ба тараққии ҷаҳони ислом бори дигар таъкид менамоям”,- изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.