Categories Хабарҳо

Маблағи ирсолкардаи муҳоҷирони тоҷик ҳамагӣ 0,5 дарсадро ташкил додааст

Маблағҳои ирсолкардаи муҳоҷирони тоҷик дар соли 2018 танҳо 0,5 дарсади маблағҳоеро ташкил медиҳад, ки дар тамоми ҷаҳон муҳоҷирон ба ватанашон ирсол кардаанд. Тибқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ соли гузашта муҳоҷирон ба кишварҳои даромадашон поён ва миёна маблағи рекордии 529 миллиард долларро фиристодаанд.

Ин маблағ назар ба соли 2017 9,6% афзоиш ёфтааст. Он сол муҳоҷирон ба кишварҳояшон 483 млрд доллар интиқол дода буданд. Болоравии ҳаҷми интиқолро Бонки ҷаҳонӣ ба беҳтар шудани вазъи кор дар ИМА ва ба раванди болоравии интиқолҳо аз Русия ва кишварҳои Халиҷи Форс нисбат медиҳад.   

Аммо тибқи гузориши Бонки ҷаҳонӣ, Тоҷикистон аз нигоҳи даромад аз ҳисоби муҳоҷирони кориаш дар баробари маҷмӯъи маҳсулоти дохилӣ дар ҷойгоҳи севвуми ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.

Бонки ҷаҳонӣ дар гузоришаш эълом кардааст,  маблағе, ки муҳоҷирони тоҷик ба Тоҷикистон ирсол мекунанд, дар соли 2018 ду миллиарду 553 миллион доллар буд, ки баробар бо 31 дарсад аз ҳаҷми маҷмӯъи маҳсулоти дохилии  ин кишвар аст.

Дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ, ки ба баррасии мавзӯъи муҳоҷират ва рушди иқтисодӣ мебошад, таъкид мешавад, маҷмӯъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар соли 2018 ба ҳафт миллиард доллар расид. Аз ин рӯ мизони даромад аз ҳисоби маблағи ирсолнамуди  муҳоҷирони корӣ дар соли 2018 баробар бо 31 дарсад аз ҳаҷми маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ин кишвар будааст.

Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ муътақиданд, кишварҳое ҳамчун Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соли 2018 ба далели беҳбуди нисбии авзои иқтисодии Русия аз ҳисоби даромади муҳоҷирони корӣ манфиъатҳои молии фаровоне касб кардаанд.

Аз сӯи дигар Бонки марказии Русия эълом кардааст, ки  муҳоҷирони кории тоҷик дар соли 2018 ду миллиарду 553 миллион доллар ба Тоҷикистон ирсол кардаанд. Ин рақам баробар бо 34 дарсад аз ҳаҷми маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ин кишвар будааст. Аз ин ру дар ин маврид миёни омори Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки марказии Русия тафовути 3 дарсадӣ мушоҳида мешавад.

Афзоиши интиқоли маблағ аз Лаҳистон, ИМА, Русия ва Испания мушоҳида шуааст. Кишварҳое, ки бештар аз ҳама маблағи муҳоҷиронро қабул кардаанд, иборатанд аз Ҳинд, Чин, Мексика, Филиппин ва Миср.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *