Барраи қурбонӣ. Раҳбари собиқи Тоҷик Эйр боздошт шуд
Хайрулло Раҳимов, раҳбари собиқи ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷик Эйр боздошт шуд. Ӯ ба тақаллубӣ молӣ муттаҳам мешавад ва парвандаашро Додситонии кулл пеш мебарад. Раҳимов моҳи январи солӣ ҷорӣ, баъди интиқоди тунди раисҷумҳур аз вазифааш барканор шуд. Ӯ се сол дар ин вазифа кор карда буд.
Албатта то замони ба курсии раҳбарии ин ширкат нишастани Раҳимов ҳам ҳамеша фасоди молӣ, дуздӣ, тақаллуб, изофанависӣ дар ин ширкат вуҷуд дошт ва Раҳимов танҳо бозии бузургро ба поён расонд. Бозие, ки хонаводаи раисҷумҳур ба роҳ монда буд ва дар он Ҳасан Асадуллозода, додарарӯси Эмомалӣ Раҳмон ва Таҳминаи Эмомалӣ, духтари ӯ бештар аз ҳама фоида ба даст оварданд.
Хайрулло Раҳимов барраи қурбонист, ки дар ҷанозаи Тоҷик Эйр кораш тамом шуд. Албатта худи ӯ низ чандон мусичаи бегуноҳ нест. Собиқ раҳбари Тоҷик Эйр намоиш дод фасоди идориро то кадом сатҳ мешавад боло бурд. Дар ҳоле, ки дар ширкати ҳавопаймоӣ ҳамагӣ ду тайёра пурра истифода мешуд, ин “менеджери муваффақ” ҳафт (!) муовин дошт. Ва дар назди худ дастгоҳи раҳбари ширкатро таъсис дода буд. Мисли раисҷумҳур.
Тоҷик эйр солҳои тӯлонӣ аз тарафи гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ идора ва ғорат мешуд. Маблағҳои дуздидашуда аз ин ширкат кайҳо аз рақами 7 сифрдор убур кардааст. Роҳбари гурӯҳ Холиқов Рустам Исуфович аст. Ӯ, ҳарчанд зикраш дар расонаҳо камтар меравад, яке аз наҳангҳои бузурги кишвар аст. Қудраташ то ҳадест, ки метавонад дар таъини вазири нақлиёт ва ҳамаи мансабҳои ин вазорат дахолат кунад.
Ба ин гурӯҳ Ҷураев Сӯҳроб Муқимович, муовини раҳбари Сомон Эйр, Шералӣ Ганҷалзода, вазири собиқи нақлиёт, Исматулло Абдуллозода, мудири фурӯдгоҳи Душанбе, Лоиқ Ашуров, раҳбари “Тоҷикаэронавигатсия” ва ғайра шомиланд. Маълумоти бештарро метавонед инҷо бихонед:
Раҳимов ҳоло ягона барраи қурбонӣ дар як ғорати тӯлонӣ ва бузурги ширкати миллӣ, яъне буҷаи кишвар ва кисаи мардум аст. Имкон дорад аз ашхоси номбурда чанд нафари дигар низ дар роҳи ҳадафҳои Оила қурбон шаванд.
Бузургтарин қурбонӣ дар ин бозӣ метавонад Юсуф Холиқов бошад, ки баъид ба назар мерасад — ӯ аз пуштибонии қавии Асадуллозода бархӯрдор аст. Аммо пули амволи зиёде, ки ҷамъ кардааст, метавонад дӯстии додарарӯси раисҷумҳурро ба душманӣ табдил диҳад.