Рубрики Хабарҳо

Додситон —ҷияни раиси Додгоҳи конститусионӣ барканор шуд. Барои чанд рӯз?

Додситони калон оид ба назорат дар муассисаҳои ислоҳии додситонии вилояти Суғд Маъмур Аъзамов  аз мақомаш барканор ва аз сафи кормандони додситонӣ ронда шудааст. Дар ин бора “Ахбор бо истинод ба манбаъаш хабар медиҳад.

Тибқи иттилоъи манбаъ ин тасмим дар мавриди Маъмур Аъзамов дар пайи ошӯби пурқурбонии шаби 7 ноябр дар маҳбаси рақами сеи шаҳри Хуҷанд ба далели «нобоварӣ” ва «иҷрои номатлуби вазифаи хидматӣ” гирифта шудааст. Моҳи июни соли ҷорӣ Маъмур Аъзамов бо 10 ҳазор доллар пора дастгир шуда буд, вале “пушт”-и қавӣ ва ришваи бузургаш кӯмак кард то на танҳо аз ҷавобгарӣ озод шавад, балки дар мақомаш ҳам боқӣ монад.

Маъмур Аъзамов дар додситонии вилояти Суғд масъулияти назорати қонуният дар маҳбасҳои воқеъ дар ҳудуди ин вилоят, аз ҷумла дар маҳбаси рақами сеи шаҳри Хуҷандро бар ӯҳда дошт.

Тибқи иттилоъи ҳамин манбаъ, Маъмур Аъзамов нимаи дуюми рӯзи 8 июн Маъмур Аъзамов, ки дар прокуратураи вилояти Суғд дар вазифаи «равғанӣ”-и прокурори калон оид ба назорат дар муассисаҳои ислоҳӣ кор мекард, ба як зан ваъда додааст, ки дар ивази 10 ҳазор доллар метавонад бародари ӯро аз зиндон озод кунад.

Зан як қисми ин пулро қаблан ба Аъзамов дода, рӯзи 8 июн боқимондаи маблағи пораро овардааст. Аъзамовро дар ҳуҷраи кориаш дастгир карданд.

Аммо иттиҳоми зидди Аъзамов аз моддаи сахттари 319 (гирифтани пора аз сӯи шахси мансабдор) ба моддаи сабуктари 247 (қаллобӣ) иваз шуд. Дар натиҷа, Маъмур Аъзамов дар ҷояш «зарари расондашуда” ба зани ҷабрдидаро ҷуброн кард ва ӯро то анҷоми тафтиши парвандааш «ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист” аз боздошт ҳам озод карданд. Баъдан ӯ ба мақоми қаблиаш баргашт.

Маъмур Аъзамов — ҷияни Маҳкамбой Маҳмудзода, раиси Додгоҳи Қонуни асосии Тоҷикистон аст. Вазифае, ки Аъзамов кор мекард — прокурори калон оид ба назорат дар муассисаҳои ислоҳӣ – аз мақомҳои «равғанӣ” дар низоми прокуратура ва худи ин бахши назорати маҳбасҳо дар прокуратура аз бахшҳои хеле олуда ба фасод дониста мешавад.

Шикоятҳои маҳбусон а шароити зиндон ва ҳамин тавр, дархости онҳо барои бозбинии ҳукмашон ё афви гуноҳ ба дасти ҳамин прокурор оид ба назорати муассисаҳои ислоҳӣ мерасанд. Чунин прокурор салоҳияти санҷиши ҳар муассисаи ислоҳӣ бар асоси шикояти маҳбусонро дорад.

Прокурорҳои масъули назорати зиндонҳо дар бисёр масъалаҳо, аз ҷумла дар мавриди пеш аз муҳлат ҷавоб додани маҳбусон ва татбиқи қонуни афв дасти хеле дароз доранд. Давраҳои аз ҳама пурҷӯшу хурӯши кори ин прокурорҳо низ моҳҳоест, ки қонуни афв эълон мешавад.

Аз эҳтимол дур нест, ки Маъмур Аъзамов дар ниҳоди дигаре ба вазифаи баландтар аз ҳозирааш соҳиб шавад. Чунин таҷрибаро наздикони раиси додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон аллакай доранд.  Аз ҷумла писараш Манучеҳр Маҳкамзода.

Соли 2014, замоне ки  Манучеҳр Маҳмудзода курсии раҳбари Раёсати марказии консулгариҳои ВКХ Тоҷикистонро соҳиб буд, корманди зертобеъи ӯ Далер Нақибов бо иттиҳоми гирифтани ришва дар ҳаҷми махсусан калон, аниқтараш 4000 доллар боздошт шуда буд. Зимни тафтишот пои Маҳмудзода ҳам ба тафтишот  кашида шуд — Нақибов ришваро бо супориши сарораш гирифта буд.

Дертар Маҳмудзода аз аз вазифаи  раҳбари Раёсати марказии консулгариҳо барканор шуд, аммо “муваққатан бекор” ҳамагӣ як ҳафта боқӣ монд.

Ҳафтаи дигар ӯ сардори Раёсати муносибатҳои байналмиллалии Додситонии кулл таъин гардид. Ниҳоде, ки Маҳмудзодаро бо иттиҳоми гирифтани ришва бозпурсӣ карда буд, ӯро а кор гирифт.

Худи раиси Додгоҳи конститутсионии Тоҷикистон Маҳкамбой Маҳмудзода аз соли 2009 дар вазифааш қарор дорад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *