Рубрики Хабарҳо

Аввалин “аммоҳо” дар содироти барқи Тоҷикистон

Покистон тасмим гирифтааст дар пружаи минтақавии CASA-1000 тарҳи “ҷараёни баргашт”-ро пешниҳод кунад. Як мансабдори баландпояи Вазорати энерҷии Покистон ба рӯзномаи The News International гуфтааст, ки Покистон ба созишномаи хариди барқ моддаи “ҷараёни баргашт”-ро ворид хоҳад кард.

Барқчиёни Покистон ният доранд ин масъаларо бо ҳамтоёни тоҷики худ баррасӣ кунанд. Яъне Покистон тасмим гирифтааст баъди ба кор оғоз кардани хати минтақавии интиқоли барқ CASA-1000, тавассути он дар зимистон ба Тоҷикистон барқ содир кунад.

Муҳаммадризо Икромӣ, коршиноси масоили энергетикӣ ба хабаргузории “Авасто” гуфтааст ин пешниҳод барои Тоҷикистон се сол пеш метавонист ҷолиб бошад, аммо ҳоло кишвар талаботи худро бо истеҳсоли дохилӣ қонеъ месозад ва ниёз ба воридоти барқ нест. Солҳои наздик Тоҷикистон дар зимистон ҳам қодир ба содироти барқ хоҳад буд.

“Пешниҳоди Покистон танҳо дар сурати транзити нерӯи барқи ин кишвар ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, агар чунин зарурат ва созишнома ба вуҷуд омад, манфиатовар аст. Дар ин ҳолат Тоҷикистон метавонад аз ҳисоби транзити барқ даромади иловагӣ гирад. Аммо инҷо суоли дигаре ҳам ҳаст, ки оё кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳозир хоҳанд шуд барқи Покистонро, ки гаронтар аст, харидорӣ кунанд. Гап сари он аст, ки баъди ба кор андохтани навбати аввали (ду чарха) НОБ-и Роғун тавоноии энержии барқии кишвар садҳо МВт боло меравад ва имкони содироти барқ ба кишварҳои ҳамсоя бо нархи арзон дар тамоми фаслҳои сол пайдо мешавад”.

Ҷониби Тоҷикистон ба ин пешниҳод чӣ гуна вокуниш хоҳад кард, ҳанӯз маълум нест. Вале ин изҳороти мансабдори покистонӣ чанд “аммо”-ву “чаро” ба вуҷуд меорад ва ба назар мерасад ин пружаи таблиғшуда ба ҳамон ҳаде, ки мақомот мехоҳанд нишон диҳанд “дурахшон” нест:

  1. Ин изҳороти мансабдори покистонӣ ба ин маънист, ки ин кишвар дар зимистон ниёзе ба барқ надошта, на танҳо нияти харидории онро надорад, балки мехоҳад барқи худашро содирот намояд;
  2. Пружаи CASA-1000 аслан барои интиқоли барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон роҳандозӣ шуда буд, вале изҳороти мансабдори покистонӣ ба ин маънист, ки дар имзои созишномаи интиқоли барқ баҳсҳои зиёде сурат хоҳад гирифт;
  3. Талаби Покистон метавонад замони расидан ба созишро тӯл диҳад ва ё ҳатто ҷонибҳоро аз он мунҳариф созад;
  4. Дар сурати даст кашидани Покистон аз хариди барқ дар зимистон, Тоҷикистонро лозим меояд дар ҷустуҷӯи харидорони нави барқ шавад. Дар ҳоле, ки Ӯзбекистон тасмим гирифтааст дар се соли оянда чанд НОБ сохта талаботи дохилиашро таъмин намояд, пайдо кардани харидор барои барқи тоҷик осон нахоҳад буд;
  5. Дар сурати худкифо шудани Ӯзбекистон, Тоҷикистон яке аз харидорони аслии барқашро аз даст хоҳад дод. Афғонистон ҳам чанд пружаи дохилиро рӯи даст гирифтааст, ки микон дорад солҳои наздик талаботи ин кишвар ба барқро камтар созад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи хушбинонатарин пешбиниҳо, пружаи CASA-1000 танҳо соли 2021 анҷом меёбад. Пешбиниҳои дигар солҳои 2023-24-ро нишон медиҳанд. То он замон баъид нест, ки Ӯзбекситон пурра барқашро аз тавлидоти дохилӣ таъмин созад ва Афғонистон низ таваҷҷӯҳашро ба пружаҳои дохилияш бештар кунад.

3-4 сол дар замони муосир, ки техника бо суръати кайҳонӣ рушд мекунад, замони хеле бузург аст. Барои мисол нерӯгоҳҳои офтобиву бодӣ бо суръат такмил ва арзонтар мешаванд. Чанд кишвари бузурги иқтисодӣ аллакай ба омӯзиши масъалаи саросарӣ кардани нерӯгоҳҳои офтобӣ пардохтаанд. Аз суръати рушд ва таваҷӯҳе, ки ба ин намуди нерӯгоҳҳо зоҳир мешавад, метавон пешбинӣ кард, ки ба зудӣ он рақиби аслии НОБ-у НАБ-ҳо хоҳад шуд.

Баъид нест, ки дар ин се-чор сол назари Покистон ҳам ба истеҳсол ва воридоти барқ тағйир ёбад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *