Рубрики Хабарҳо

Дабири кулли СММ ҳушдор дод: замин ба нуқтаи ҷӯши худ расидааст

Гутерриш мегӯяд аз гармоиши ҷаҳонӣ убур карда, ба ғалаёни ҷаҳонӣ расидаем. 

Пас аз ин ки донишмандон эълом карданд эҳтимолан июли 2023 гармтарин моҳ дар таърихи замин бошад, Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони милали муттаҳид гуфт ин тоза аввали даврони ба ҷӯш омадани ҷаҳон аст. 

Гутерриш ин додаҳоро фоҷиаҳое барои кулли сайёраи замин хонд ва гуфт: “ниёзе нест барои донистани ин мавзӯъ то поёни моҳ мунтазир бимонем. Июли 2023 рекордро дар ҷаҳон хоҳад шикаст.” 

Ба гуфтаи ӯ ин тоза оғози кор аст, даврони “гармоиши ҷаҳонӣ” ба поён расида ва “ҷӯшиши ҷаҳонӣ” оғоз шудааст. 

Дабири кулли Созмони милали муттаҳид таъкид кард ҳанӯз ҳам метавон ҷилави гармтар шудани заминро гирифт ва барои ин кор ба “коҳиши интишори газҳои гулхонаӣ” ниёз дорем. 

Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ WMO ва сервиси тағйироти обуҳавоии Коперники Иттиҳодия Аврупо чанд рӯз пеш дар баёнияи муштарак эълом карданд, ки “ба эҳтимоли зиёд” дар июли 2023, моҳи ҷорӣ, рекорди гармо шикаста хоҳад шуд. 

Оташсӯзиҳо дар Юнон яке аз паёмадҳои гармои моҳи июл буд. Дар пайи оташсӯзиҳои ҷангалии ҷазираи Родоси Юнон ҳазорон гардишгар маҷбур ба фирор шуданд. 

Др ин моҳ гармо дар саросари ҷанубу ғарбии Амрико низ ба шиддат афзоиш ёфт. Дамои ҳаво дар яке аз шаҳристонҳои шимолу ғарбии Чин низ то 52.2 дараҷа сантиград боло рафт ва рекорди миллии ин кишварро шикаст. 

Ҳарчанд Созмони ҷаҳонии ҳавошиносӣ то моҳи август додаҳои ба дастомадаро эълом нахоҳад кард аммо гузорише, ки аз сӯи донишгоҳи Лейпстиги Олмон мунташир шуд нишон медиҳад, ки июли 2023 рекорди ҷаҳониро мешиканад. 

Тибқи додаҳои Иттиҳодияи Аврупо пешбинӣ мешавад миёнгини дамои ҷаҳонӣ дар ин моҳ ҳадди ақал 0.2 дараҷа сантиград гармтар аз июли чаҳор сол пеш бошад. Июли 2019 ба унвони гармтарин рекорди гармо дар 174 соли гузашта сабт шудааст. 

WMO таъйид кард се ҳафтаи аввали июл гармтарин ҳафтаи сабтшудаи ҷаҳон буд. 

Майкл Манн, донишманди обуҳаво дар донишгоҳи Пенсилвания, мегӯяд то миёнаи июл мушаххас буд, ки гармое дар ин моҳ бесобиқа хоҳад буд. Сайёраи замин “то замоне, ки мо сӯхтҳои фусилӣ (истихроҷшуда аз замн) месӯзонем ҳамчунон ба гарм шудан идома медиҳад.” 

Ба таври маъмул бо дар назар гирифтани замистон дар нимкураи ҷанубӣ, миёнгини дамои ҷаҳонӣ барои моҳи июл ҳудуди 16 дараҷа сантиград аст. Аммо июли имсол дамои кураи замин ба ҳудуди 17 дараҷа сантиград афзоиш ёфт. 

Карстен Ҳоштейн яке аз муҳаққиқони донишгоҳи Лейпстиг мегӯяд “барои пайдо кардани шароити мушобеҳе монанди июли имсол дар сайёраи замин мумкин аст маҷбур бошем ҳазорон ё даҳҳо ҳазор сол ба ақиб баргардем. Собиқаҳои иқлимии аввалия нишон медиҳанд, ки замин дар 120 ҳазор соли гузашта ба ин андоза гарм набудааст.” 

Сайёраи ҷӯшон 

Дараи марг дар иёлоти Калифорния дар Иёлоти муттаҳида шоҳиди гармтарин шаб сабтшудаи ҷаҳон дар ин моҳ буд. Ҳамчунин бахшҳое аз ҷангалҳои Канада ҳамин моҳ дар оташ сӯхт. Кишварҳои Фаронса, Испания, Олмон ва Лаҳистон гармои бесобиқаеро таҷриба карданд. 

Ин мавҷи гармо ҳамчунин дарозии хутути соҳилӣ аз Флорида то Австралияро низ таҳти таъсир қарор дод ва нигарониҳоро дар мавриди марги сахраҳои марҷониро афзоиш дод. 

Қутби ҷануб, ки яке аз сардтарин маконҳои рӯйи замин аст низ таҳти таъсири ин гармо қарор гирифт. Дамои баҳрҳо дар ҳоли ҳозир дар зимистони нимкураи ҷанубӣ ба поинтарин сатҳи худ расидааст. Аз сӯи дигар борандагӣ ва сели бесобиқаи Кореяи ҷанубӣ, Ҷопон, Ҳинд ва Покистонро зери об бурдааст. 

Донишмандон аз соли 2016 ба ин су пешбинӣ карда буданд соли 2023 ё 2024 гармтарини соли замин хоҳад буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *