Яке аз кунишгарони Созмони ғайридавлатии “Глобал Витнесс” (“Global Witness”) гуфт: “Иттиҳодияи Аврупо бояд хариди гази LNG аз Русияро қатъ кунад, чаро, ки мардуми Укроин мутаҳаммили талафоти ғайриқобили санҷиш мешаванд.” Ин созмон муддаӣ шуд, ки Тотал, ғӯли энержии фаронсавӣ бо хариди миқдори зиёди энержӣ аз Русия ба “мошини ҷангӣ”-и Маскав сӯхт мерасонад.
Созмони ғайридавлатии Глобал Витнесс гуфт, ки ин ширкат бо хариди гази табиии моеъи Русия идома медиҳад ва таҳлили онҳо нишон медиҳад, ки ин ширкат бузургтарин харидори ғайрирусӣ аст.
Рӯзи панҷшанбе, ширкати Тотал дар ҳошияи афзоиши қимати энержӣ ба далели ҷанги Укроин, эълом кард, ки дар соли 2023 10.4 миллиард евро фоида ба даст овардааст.
Ҷонатан Нейрона Гант, коршиноси аршади Глобал Витнесс гуфт: “дар ҳоле, ки Тотал, судҳои калонашро ҷашн мегирад, мардум дар Фаронса, Укроин ва саросари ҷаҳон наметавонанд фаромӯш кунанд, ки ин ширкат ҳамчунон аз Русияи газ мехарад ва барои мошини ҷангии Русия пул мефиристад.” Ӯ идома дод: “ҳеҷ баҳонае барои идомаи хариди гази Русия ва ирсоли пул ба мутаҷовизе, ки боиси бадбахтии зиёде дар Укроин шуда ва амнияти Аврупоро таҳдид карда, вуҷуд надорад.”
Дар айни ҳол, ширкати Тотал аз иқдомоти худ дифоъ кардааст. Дар посух ба иддаоҳои ин Созмони ғайридавлатӣ, ин ширкат эълом кард, ки тобеъи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо аст ва ҷанги Русия дар Укроинро маҳкум мекунад. Ин ширкат ҳамчунин ишора карда, ки харид аз Русия дар соли ҷорӣ коҳиш ёфтааст.
Созмони ғайридавлатии Глобал Витнесс иддао кард, ки ин ғӯли энержии фаронсавӣ беш аз 10 дарсад аз маҳмулаҳои LNG-и Русияро харидорӣ карда, ки наздик ба 4.2 миллион метри мукаъб аз ин навъ сӯхт мешавад.
Ин Созмон ба як қарордоди баландмуддат ишора кард, ки ба Тотал иҷоза медиҳад бо баҳрабардорӣ аз як майдони гази бузург дар Сибир, судҳои калоне ба даст овард.
Аз замони ҳамлаи Русия ба Укроин дар соли 2022, Иттиҳодияи Аврупо воридоти нафт ва ангиштсанг аз Русияро аз тариқи баҳр таҳрим кардааст.
Ин блок вобастагии худро ба хатти лӯлаи гази Русия ба шиддат коҳиш дода ва таҳримҳои мухталифе рӯйи сӯхти Русия ҷорӣ кардааст.
Аммо бо ин ҳол, кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо хариди куллии LNG аз Русияро афзоиш додаанд ва ин амр тааҳҳуди ин иттиҳодия барои поён додан ба истифода аз сӯхтҳои фусилии Русия то сол 2027-ро тазъиф кардааст.
Ба гузориши Глобал Витнесс, LNG ҳамчунон манбаъи аслии даромади Кремл ва ҷанг дар Укроин аст. Русия дар соли 2023 то кунун беш аз 5.8 миллиард евро аз ин сӯхтро ба Тотал ва ширкатҳои энержии дигар фурӯхтааст.
Нейрона Гант гуфт: “фурӯши газ бо нафт тафовуте надорад, зеро манобеъи молии муҳиммеро дар ихтиёри мошини ҷангии Русия қарор медиҳад.” Ин Созмон муҷаддадан хостори мамнуъияти тиҷорати LNG-и Русия ва гирифтани молиёти 100 дарсадӣ барои суди дарёфтии ин ширкатҳо аз замони оғози ҳамла ба Укроин тавассути Иттиҳодияи Аврупо шуд. Пас аз 18 моҳи даргирӣ, ин блок набояд иҷозаи хариди гази Русияро ба ширкатҳое монанди Тотал бидиҳад.”
Тотал дар посух ба иддаоҳои Глобал Витнесс эълом кард, ки дар сурати тағйири сиёсати амниятии Иттиҳодия Аврупо ва таҳрими гази Русия, тиҷоратро мутаваққиф хоҳад кард.
27 узви Иттиҳодияи Аврупо барои расидагӣ ба ин мавзӯъ муштоқ ҳастанд аммо ҳеҷ тавофуқе дар мавриди хатарот ноши аз афзоиши қимати энержӣ ва афзоиши нохостаи даромадҳои энержии Русия вуҷуд надорад.