Рубрики Хабарҳо

ҲНИТ ба “пойгоҳ дар Афғонистон” ва “намояндагӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ” посух дод

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо пахши як баёния даъвоҳои Дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон Абдураҳим Қаҳҳоров мабнӣ бар бунёди пойгоҳ дар Афғонистон ва Маркази исломнишосӣ мабнӣ бар бозкунии намояндагӣ дар кишварҳои пасошӯравӣ рад кард.

“Раёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ин даъвоҳоро рад намуда, изҳор медорад, ки ҳизб ҳеч барномае барои бунёди пойгоҳи низомӣ дар Афғонистон ё ҳар нуқтаи дигар надорад. Аз тарафи дигар, дар шароити имрӯза танҳо роҳи муборизаро дар василаҳои мусолаҳатомез ва мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ мебинад” — омадааст дар баёния.

Дар баёнияи ҲНИТ гуфта мешавад “хабари боз кардани намояндагиҳо дар кишварҳои номбурда низ комилан беасос буда, ҲНИТ аз қабл расман эълон намуда буд, ки фаъолияти худро дар дохили Тоҷикистон ва байни шаҳрвандони тоҷик дар кишварҳои Муштаракулманофеъ қатъ кардааст. ҲНИТ ҳамагуна хабарҳо ва тахминҳоро дар ин масъала қотеъона инкор мекунад.”

Дар ин баёния. ки аз номи Раёсати олии ин ҳизб нашр шудааст ба ҳақи ҲНИТ ба робита бо кишварҳо ва созмонҳо таъкид шудааст: “Ҳамзамон ҲНИТ изҳор медорад, ки бо ҳама кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ ва ҳизбу ҳаракатҳо, ки ҲНИТ-ро ҳамчун як ҳизби сиёсӣ бо дидгоҳҳо ва равиши муътадил мешиносанд, ҳамкорӣ ва робитаҳои худро идома хоҳад дод ва инро ҳаққи раднашавандаи худ медонад.”

ҲНИТ кӯшишҳои ҳукумати Тоҷикистон барои сиёҳ крадани ин ҳизбро ноком номида, гуфтааст “Эмомалӣ Раҳмон тасмим гирифтааст, ҳадди ақал дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ ба натиҷае бирасад. Аз ин хотир, бо паҳн намудани ин намуд хабарҳои беасос мехоҳад таваҷҷуҳи кишварҳои минтақаро, ки аз хатарҳои воқеъии ифротгароӣ ва терроризм нигаронанд, ба тарафи ҲНИТ равона созад. Бо ибораи дигар, мисли солҳои қаблӣ мехоҳанд миллати тоҷикро бори дигар саркуб ва ҳокимияти хонаводагиро мустаҳкам намоянд.”

Раёсати Олии ҲНИТ таъкид кардааст, ки “фаъолияти ҳизб танҳо ба ҳалли мушкилоти Тоҷикистон равона шудааст, на ба кишварҳои дигари минтақа”.

Ҳизби наҳзати исломӣ хонаводаи Раҳмонро нолоиқ ва ноком номидааст: “Мо ба он бовар ҳастем, ки Тоҷикистони пешрафта, демократӣ ва озод аз ҳокимияти хонаводагӣ на танҳо ба нафъи миллати тоҷик, балки ба нафъи ҳама кишварҳои минтақа ва ҷаҳон мебошад. Тоҷикистони холӣ аз коррупсия, камбизоатӣ ва диктотураи як шахс субот ва амнияти минтақаро ба маротиб болотар ходад бурд. Дар сурате, ки Тоҷикистони камбизоат ва фурурафта дар коррупсия, бо доштани як ҳокимияти хонаводагии нолоиқ ва ноком сарчашмаи хатарҳои зиёд, аз ҷумла, хатарҳои марбут ба экстремизм ва терроризм, боқӣ хоҳад монд”.

“ҲНИТ, ки худ қурбонии терроризми давлатӣ мебошад ва борҳо аз тарафи гурӯҳҳои экстремистию террористӣ мавриди ҳуҷум ва таҳдид карор гирифтааст, мубориза бо ин падидаи шумро аз масъулиятҳои асосии худ медонад. Ҳамзамон, сӯистифодаи ҳукумати Тоҷикистонро аз ин вазъият барои мубориза ва саркуб кардани мухолифини сиёсӣ ва мусолаҳатомези худ шадидан маҳкум намуда, ин амалҳоро хилофи манфиатҳои миллии Тоҷикистон ва ҳамаи кишварҳои минтақа медонад” — омадааст дар ин баёния. .

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *