Categories Хабарҳо

Дар пасманзари даъватҳои мақомот: боздошти собиқ узви ҲНИТ дар Исфара

Чанд моҳи охир мақомоти Тоҷикистон аз собиқ аъзои ҲНИТ ва дигар гурӯҳҳои мухолиф даъват доранд ба кишвар баргарданд. Мақомот мегӯянд ҳар нафаре ихтиёрӣ баргашт парвандааш қатъ ва аз ҷаобгарӣ озод мешавад.

Дар ҳамин ҳол хабарҳое мерасанд, ки ҳокӣ аз дурӯғ будани даъвои мақомотро дорад. Чанд рӯз қабл расонаҳо аз боздошти сокини ноҳияи Мӯъминобод Умар Давлатов иттилоъ дода буданд, ки баъди бозгашташ аз Русия дар фурӯдгоҳи Кӯлоб боздошт ва ба таҳқири раисҷумҳур муттаҳам шуд. У;маров ҳеҷ равобите на ба ҲНИТ ва на бо гурӯҳҳои дигар надошта, танҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ кадом навореро пахш кардааст.

Манбаъи Паём ҳам аз боздошти як сокини деҳаи Сури ноҳияи Исфара, узви собиқи ҲНИТ Абдусалом Азаматов хабар медиҳанд, ки баъди бозгашташ аз Русия воқеъ гардидааст.

Абдусаломро дар бозори деҳаи Сур, рӯзи 10 июл ҳангоме боздошт карданд, ки барои хонааш харид мекард. Сабабашро ҳангоми боздошт кормандони Кумитаи амнияти миллӣ чунин шарҳ додаанд: мо чанд бор шуморо ба идораи ҷамоъат даъват кардем, аммо наомадед.

Абдусалом Азаматов чанд соли охир дар Русия кор ва зиндагӣ мекард. Се моҳ қабл ӯ барои хонадор крадани духтараш рафта буд, аммо ҳеҷ монеъае дар рафту баргашташ надид.

Баъди боздошт мақомот аз телефони дастии ӯ наворе “пайдо” карда, бо моддаи 307 (Даъвати  оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон) барояш айб эълон мекунанд.  Ба ӯ аз 5 то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

Аксҳо аз саҳифаи фейсбукии Абдусалом Азаматов

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *