9 додраси Додгоҳи олии иқтисодӣ аз раиси ин додгоҳ Мавлуда Қаландарзода, бо як муроҷиати шикояти дастаҷамъона ба раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, шикоят кардаанд.
Матни пурраи ин муроҷиат дар сомонаи Ахбор нашр шудааст.
Гуфта мешавад хонум Қаландарзода ҳамагӣ дар се соли роҳбариаш тавонист дар Душанбе чанд хонаву мошин харида, ба номи хешу табораш сабт кунад. Додрасҳо иддао доранд, ки раиси Суди олии иқтисодӣ аз онҳо барои ҳар парванда “ҳақ” талаб карда, бо ин додрасҳоро худаш ба ҷиноятҳои коррупсионӣ маҷбур мекунад. Ҳамин тавр, ба навиштаи додрасҳо, шавҳари сеюми Раиса ба як миёнарави асосӣ байни корафтодагон ва додрасҳои Додгоҳи иқтисодӣ табдил ёфта, аз додрасҳо талаб мекунад, ки дилхоҳ парвандаро ба манфиати ӯ ва нафароне, ки ӯ мехоҳад, ҳал кунанд. Дар ин нома ба раисҷумҳур ҳамчунин гуфта мешавад, ки шавҳар ва писари калонии раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ доғи судӣ доранд, ки ин обрӯи ин ниҳоди додгоҳиро низ доғдор мекунад. Додрасҳо аз раисҷумҳур хостаанд, то ба мақоми раиси Суди олии иқтисодӣ ягон нафари обрӯманд ва дасту дилу нияташ покро интихоб ва таъин кунад.