Оё Амрико пас аз сомонаи “Патриот” ва танки “Абрамс”, ҷангандаи “F-16” ҳам ба Укроин хоҳад дод?
Гурӯҳе аз мақомҳои низомии Амрико ба таври ғайриаланӣ аз тарҳи таҳвили ҳавопаймоҳои ҷанганда ба Укроин ҳимоят мекунанд.
Пойгоҳи интернетии “Политико” дар ҳоле ин хабарро ба нақл аз се мақоми огоҳ аз ҷаласоти Пентагон мунташир кард, ки масъулони укроинӣ бори дигар хостори дарёфти ҷангандаҳои “F-16” аз Амрико ва Олмон шудаанд. Вашингтон ва Берлин чанд рӯзи пеш бо таҳвили танкҳои “Абрамс” ва “Леопард-2” ба Киев мувофиқат карда буданд.
Ин дар ҳолест, ки Иёлоти муттаҳида ва Олмон пеш аз ин таҳвили танк ба Укроинро рад мекарданд ва авлавиятро бо таҳвили силоҳҳои тӯпхонаӣ ва сомонаи дифоъи ҳавоӣ медонистанд.
Як мақоми огоҳи амрикоӣ, ки нахост номаш фош шавад таъкид кард, ки ҳанӯз тасмими ниҳоӣ дар бораи таҳвили ҷангандаҳои “F-16” ба Укроин гирифта нашудааст. Ў бо ин ҳол афзуд: “фикр накунам мо мухолифи он бошем.”
Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико моҳи гузашта дар ҷараёни сафари Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин ба Вашингтон эълом карда буд, ки Иёлоти муттаҳида сомонаи дифоъи ҳавоии “Патриот”-ро ба Киев таҳвил хоҳад дод.
Аз сӯи дигар як мақоми олирутбаи укроинӣ рӯзи шанбе эълом кард, ки кишвараш дар ҳоли гуфтугӯҳои “сареъ” бо муттаҳидони ғарбиаш аст то мушакҳои дурбурд ва ҳавопаймоҳои низомӣ дарёфт кунад.
Бинобар ин гузоришҳо Укроин феҳристи 50 нафара аз халабонони низомии худро барои ёдгирии парвоз бо ҷангандаҳои “F-16” мадди назар дорад. Ин дар ҳолест, ки давлати Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико нигарони вокуниши Маскав ба таҳвили ҷангандаҳои “F-16” ба Укроин аст. Вашингтон таҳдидҳои зимнии Русия ба истифода аз силоҳи ҳастаиро фаромӯш накардааст ҳарчанд эҳтимоли вуқӯъи ҷанги ҳастаӣ бар сари таҳвили ҷангандаҳоеро, ки аввалин бор дар даҳаи 1980 сохта шудааст зиёд намедонад.