Соли гузашта дар асоси шартномаи тарафайн аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 193 млн метри мукааб гази табиӣ ворид гардидааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 нисбатан камтар аст.
Сабаби кам ворид шудани газ аз Узбекистонро масъулин ба дертар оғоз шудани воридоти он аз ин кишвар рабт медиҳанд.
Ҳамин тавр, воридоти ками гази табиӣ ба он оварда расонид, ки як муддат Маркази барқу гармидиҳии №1 (МБГ-1)-и Душанбе, ки бо гази Ӯзбекистон фаъолият мекард, ба мушкил мувоҷеҳ шуд ва масъулини он гуфтанд, сабабаш маҳз ворид нашудани газ аз Ӯзбекистон аст. Ин ба он оварда расонид, ки дар рӯзҳои сард хонаҳои қисме аз аҳолии пойтахт сард буд ва онҳо аз низоми гармидиҳӣ шикояти зиёд мекарданд.
Воридоти газ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон, ки аз соли 2011 пурра қатъ шуда буд, баъди ба сари қудрат омадани Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури нави Ӯзбекистон ва нисбатан беҳтар шудани муносибатҳои ду кишвар дубора, моҳи апрели соли 2018, аз сар гирифта шуд.