Рубрики Хабарҳо

Ҷанги Укроин: СММ ба қатъи узвияти Русия дар Шӯрои ҳуқуқи башар раъй дод

Йенс Столтенберг, дабири кулли НАТО, аз аъзои ин Созмон хост, ки силоҳҳои бештареро барои Укроин таҳия кунанд ва танҳо ба ирсоли силоҳҳои дифоъӣ иктифо накунанд. 

Дар ҳоле, ки вузарои дифоъи НАТО рӯзи панҷшанбе дар Брюссел гарди ҳам омадаанд, Столтенберг гуфт: “Ман аз муттаҳидони НАТО хостаам, ки ҳам таслиҳоти сабк ва ҳам силоҳҳои сангини бештаре дар ихтиёри Укроин бигузоранд.”

Дабири кулли НАТО таъкид кард, ки барои мо муҳим аст, ки вориди як ҷанги густурдатар бо Русия нашавем ва дар айни ҳол аз сирояти ин ҷанг ба хориҷ аз Укроин ҷилавгирӣ кунем. 

Дар ҳамин ҳол, Дмитрий Кулеба, вазири хориҷаи Укроин, ки дар Брюссел ҳузур дорад, гуфт: “Мо баладем биҷангем. Мо медонем, ки чигуна баранда шавем. Аммо бидуни тадорукоти пойдор ва кофии мавриди дархости Укроин, ин пирӯзиҳо бо фидокориҳои азим ҳамроҳ хоҳад буд.” Ӯ афзуд: “Ҳар чӣ силоҳҳои бештаре зудтар ба Укроин бирасанд, ҷони инсонҳои бештаре наҷот хоҳанд ёфт.” 

Пӯшиши зинда охирин таҳаввулоти ҳамлаи низомии Русия ба Укроин дар рӯзи панҷшанбе ҳафтум апрел-ро дар ин сафҳа думбол кунед. 

07.04.2022 23:49 

Укроин аз қатъи Русия дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид қадрдонӣ кард 

Укроин рӯзи панҷшанбе зимни истиқбол ва қадрдонӣ аз тасмим барои берун кардани Русия аз Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони милал таъкид кард, ки гуфт, ки “ҷинояткорони ҷангӣ” набояд дар ин ниҳод намояндагӣ дошта бошанд. 

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин бо интишори твитте дар ин хусус тасреҳ кард: ”Қатъи мушорикати Русия дар Шӯрои ҳуқуқи башари Созмон милал (…) муҷозоти ҷадиде барои таҷовуз ба Укроин аст.” 

Вай афзуд: “Мо бояд фишори ҳамоҳанг бар Русияро дар ҳама маҷмаъаҳои байналмилалӣ ҳифз кунем. Биёед Русияро водор кунем то дар пайи сулҳ бо мо бошад.” 

07.04.2022 23:30 

Зеленски аз Кипр хост гузарномаи сармоягузорони русро ботил кунад 

Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин рӯзи панҷшанбе аз мақомоти ҷумҳурии Кипр хост гузарномаҳоеро, ки дар чорчӯби барномае бо ҳадафи сармоягузорӣ дар ин кишвар барои атбоъи Русия содир шудааст, ботил кунад. 

Раисҷумҳури Укроин ҳамчунин аз мақомоти Кипр хостааст аз лангар андохтани қаиқҳои тафреҳии хусусӣ дар бандарҳои худ ҷилавгирӣ кунад. 

Зеленский дар ҷараёни як суханронӣ, ки ба сурати зинда дар парлумони Кипр пахш мешуд, хитоб ба намояндагон ва мақомоти ҷумҳурии Кипр гуфт: “Аз шумо ба хотири мавозеъи ахлоқӣ, ки гирифтаед сипосгузорам. Шумо ба таҳоҷуми Русия вокуниш нишон додед ва паҳлугирии киштиҳои русӣ дар бандари худро мамнӯъ кардед.” 

Кипр беш аз 215 тон кумаки башардӯстона ба Укроин ирсол карда ва ҳамчунин ҳудуди 100 ҳазор паноҳандаи укроиниро дар хоки худ пазируфтааст. 

07.04.2022 23:30 

Зеленский: Вазъият дар Бородянко аз Буча ҳам ваҳшатноктар аст 

Владимир Зелеснкий, раисҷумҳури Укроин мегӯяд вазъият дар Бородянко дар наздикии Киев аз он чи нерӯҳои укроинӣ пас аз ақибнишинии артиши Русия дар Буча бо он рӯ ба рӯ шуданд “ваҳшатноктар” аст. 

Ин суханон дар ҳоле баён мешавад, ки додситонии Укроин аз кашфи 26 ҷасад зер вайронаи ду сохтимони маскунӣ дар Бородянко хабар додааст. 

07.04.2022 23:04 

Мариупол: шаҳрдори таъинкардаи Русия аз кушта шудани 5 ҳазор ғайри низомӣ хабар дод 

Шаҳрдори ҷадиди Мариупол, ки ба тозагӣ аз сӯи нерӯҳои тарафдори Русия дар ин бандари ҷануби Укроин таъин шудааст, рӯзи панҷшанбе аз кушта шудани дасти кам 5 ҳазор ғайри низомӣ дар ҷараёни набардҳои ахир хабар дод. 

Константин Ивашченко, ки рӯзи чаҳоршанбе аз сӯи раҳбари ҷудоиталабони Донетск ба раёсати ин шаҳр мансуб шуд, афзуд: “Ҳудуди 60 то 70 дарсад аз сохтмонҳои маскунӣ низ дар Мариупол вайрон ё бахше аз онҳо тахриб шудааст”. 

Вай ҳамчунин тахмин зад, ки ҳудуди 250 ҳазор нафар аз сокинон шаҳрро тарк карда ва дасти кам ба ҳамин теъдод шаҳрванд, эҳтимолан ҳудуди 300 ҳазор нафар, ҳамчунон дар Мариупол мондагор ҳастанд. 

Артиши Русия ва муттаҳидони ҷудоиталаби Кремл ҳафтаҳост, ки Мариуполро муҳосира кардаанд аммо бо муқовамати шадиди укроиниҳо мувоҷиҳ шудаанд. 

Вазъияти инсонӣ дар ин шаҳри таҳти муҳосира ба гуфтаи ҳар ду тараф фоҷиабор аст ва шаҳр то ҳадди зиёде вайрон шудааст. 

07.04.2022 22:55 

Раиси Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо: Омодаем 500 миллион евро ба таъмини силоҳ барои Укроин ихтисос диҳем 

Шарл Мишел, раиси Шӯрои Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд ин Иттиҳодия омодагӣ дорад то 500 миллион евроро ба амри таъмини силоҳ барои Укроин ихтисос диҳад. 

07.04.2022 22:26 

Додситонии Укроин: 26 ҷасад зери вайронаи ду сохтмони маскунӣ дар наздикии Киев кашф шуд 

Додситонии Укроин мегӯяд 26 ҷасади зери вайронаҳои ду сохтмони маскунӣ дар Бородянко воқеъ дар наздикии Киев, пойтахти ин кишвар кашф шудааст. Бино ба ҳамин гузориш ин сохтмонҳо аз сӯи артиши Русия мавриди ҳамла қарор гирифта буд. 

07.04.2022 21:46 

Мақоми Иттиҳодияи Аврупо: Кишварҳои узв таҳримҳои ҷадиде алайҳи Русия вазъ карданд 

Як мақоми Иттиҳодияи Аврупо мегӯяд кишварҳои узви ин Иттиҳодия таҳримҳои ҷадиде алайҳи Русия аз ҷумла мамнуъияти воридоти ангиштсанг вазъ карданд. 

07.04.2022 21:25 

Русия таҳримҳоеро алайҳи раҳбарони Австралия ва Зеландияи Нав эълом кард 

Маскав рӯзи панҷшанбе дар вокуниш ба иқдоми кишварҳои Австралия ва Зеландияи Нав дар таҳрими Русия пас аз таҳоҷуми низомӣ ба хоки Укроин аз ҷорӣ кардани таҳримҳо алайҳи раҳбарони ин ду кишвар хабар дод. 

Вазорати умури хориҷаи Русия дар ду баёнияи ҷудогона зимни муттаҳам кардани кишварҳои ёдшуда ба анҷоми “иқдомоти хасмона” алайҳи Маскав эълом кард чандин мақом ва масъули баландпояи австралиягӣ ва зеландияӣ таҳти таҳрим қарор дода ва вуруди онҳо ба хоки Русияро манъ кардааст. 

Дар феҳристи афроди таҳримшуда сарони ду кишвар, Скотт Моррисон, нахуствазири Австралия ва Ҷосинда Ардрен, ҳамтои зеландии вай ба изофаи шуморе аз вазирон ва намояндагони Маҷлиси ҳар ду кишвар дида мешаванд. 

Феҳристи ашхоси таҳти таҳрим дар Австралия дар маҷмӯъ 228 нафарро шомил мешавад ва дар феҳристи таҳримиҳои Зеландия низ номи 130 мақом ва масъули баланд поя қарор дорад. 

07.04.2022 21:06 

Таҳримҳои тозаи Гурӯҳи 7 алайҳи Русия саноеъи калидиро ҳадаф қарор додааст 

Кишварҳои Гурӯҳи 7 рӯзи панҷшанбе таҳримҳои иқтисодии тозае алайҳи Русия ҷорӣ карданд, ки мамнуъияти ҳар гуна сармоягузории ҷадид дар бахшҳои калидӣ аз ҷумлаи муҳимтарини онҳост. 

Ин таҳримҳо он гуна, ки дар баёнияи Гурӯҳ 7 бар он таъкид шуда дар вокуниш ба “идомаи шиддати ҷанг” дар Укроин алайҳи Русия ҷорӣ шудаанд. 

Қудратҳои Гурӯҳи 7 дар баёнияи худ зимни ишора ба таҳримҳои тоза алайҳи бахши дифоъӣ ва низ нухбагони ҳомии тасмими Владимир Путин, раисҷумҳури Русия барои таҳоҷуми низомӣ ба хоки Укроин таъкид кардаанд, ки ҳар гуна сармоягузорӣ дар саноеъи калидии иқтисоди Русия аз ҷумла сармоягузорӣ дар бахши энерҷиро мамнуъ мекунанд. 

07.04.2022 19:23 

Раиси Комиссиюни Иттиҳодияи Аврупо рӯзи ҷумъа ба Киев сафар мекунад 

Урсула фон дер Ляйен, раиси Комиссиюни Иттиҳодияи Аврупо эълом кард, ки рӯзи ҷумъа барои ибрози “ҳимояти халалнопазир”-и Брюссел аз Укроин ба Киев, пойтахти ин кишвар сафар хоҳад кард. 

Раиси парлумони Аврупо пеш аз ин зимни сафар ба Укроин бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури ин кишвар дидор карда буд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *