Рубрики Хабарҳо

Зеленский қавл дод, ки шибҳиҷазираи Кримро аз Русия пас бигирад

Раисҷумҳури Укроин чаҳоршанбе таъкид кард, ки ба ишғоли Русия бар шибҳиҷазираи Крим поён хоҳад дод. Русия дар 2014 Кримро, ки ҷузи хоки Укроин буд, тасарруф кард. 

Маскав борҳо гуфтааст, ки аз манотиқи замимашуда бо тамоми қуво, аз ҷумла бо силоҳи ҳастаии дифоъ хоҳад кард. 

Ҳамапурсии Русия барои пайвастани Крим дар марти 2014 аз сӯи аксари кишварҳо пазируфта нашудааст. Русия баъд аз оғози таҳоҷуми низомии густурда дар ду сол пеш, манотиқи бештареро дар Укроин ишғол ва ба хоки худ замима кардааст. 

Артиши Укроин дар моҳи июн зидди ҳамлаашро барои пасгирии манотиқи ишғолӣ оғоз кард аммо пешравии он хеле кунд буда ва ин боиси интиқодҳои муттаҳидони ғарбии Укроин шудааст. 

Зеленский бо дифоъ аз стратегияи низомии артиши Укроин барои пасгирии манотиқи аздастрафта гуфт, ки бархилофи тарҳи пешниҳодии мунтақидон, бештар нерӯҳояшро наметавонад рӯйи як ҷабҳа мутамаркиз кунад. Зеро, дигар шаҳрҳои Укроин дар баробари таҳоҷуми Русия осебпазир хоҳад шуд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *