Рубрики Хабарҳо

Оё раиси Маҷлиси намояндагони Амрико ба дунболи таҳдиди Чин ба Тайван намеравад?

Раиси Маҷлиси намояндагони Амрико дар ҳоле рӯзи якшанбе сафари давраии худро ба чаҳор кишвари осиёӣ оғоз мекунад, ки дафтари вай ишорае ба номи Тайван ба унвони мақсади эҳтимолии яке аз ин сафарҳо накард. 

Расонаҳои амрикоӣ ва бархе дигар аз манобеъи хабарӣ пеш аз оғози ин сафар гумоназаниҳое дар хусуси эҳтимоли боздиди Нэнси Пелоси аз ҷазираи худгардоне, ки Чин иддаои моликият бар онро дорад, матраҳ карда буданд. 

Дафтари риёсати Маҷлиси намояндагони Амрико дар баёнияе эълом кард: “Нэнси Пелоси дар раъси ҳайати муташаккил аз намояндагони Кунгура озими минтақаи Ҳинд ва Уқёнусия мешавад ва қарор аст аз ҷумла аз кишварҳои Сингапур, Малайзия, Кореяи ҷанубӣ ва Ҷопон боздид кунад.” 

Дар ин баёния омадааст, ки ин сафар шомили кишварҳои ёдшуда хоҳад шуд, аммо мушаххас нест, ки оё хонум Пелоси, ки фарди шумораи 3 дар заминаи ҷонишинии раёсатҷумҳурии Иёлоти муттаҳида аст дар ҷараёни ин сафар тавқифҳои дигаре низ хоҳад дошт ё на. 

Бахши иттилоърасонии дафтари раёсати Маҷлиси намояндагони Амрико ҳамчунин эълом карда, ки ин сафар бар меҳварияти амнияти мутақобил, мушорикати иқтисодӣ ва мудирияти демократик дар минтақаи Ҳинд ва уқёнуси Ором мутамаркиз хоҳад буд. 

Грегори Микс, раиси кумитаи равобити хориҷии Маҷлиси намояндагони Амрико низ дар ин сафар аз аъзои ҳайати ҳамроҳи Нэнси Пелоси хоҳад буд. 

Чин боздиди мақомоти амрикоӣ аз Тайванро ба унвони мудохилаи хориҷӣ ва нишонаи ҳимояти дилгармкунанда аз урдугоҳи истиқлолталбон дар ин ҷазира медонад. 

Вашингтон равобити дипломатики расмӣ бо Тайван надорад аммо тибқи қавонин Иёлоти муттаҳида муваззаф аст абзоре барои дифоъ аз худ дар ихтиёри ин ҷазира қарор диҳад. 

Сафари эҳтимолии Пелоси ба Тайван рӯйдоди пурсарусадо ва нишонаи қавии ҳимояти Иёлоти муттаҳида аз Тайван хоҳад буд. 

Нют Гингрич, намояндаи собиқи ҷумҳурихоҳони охирин раиси Маҷлиси намояндагон буд, ки дар соли 1997 аз Тайван боздид кард. 

Си Тзинпин, раисҷумҳури Чин рӯзи панҷшанбе зимни ҳушдор ба ҳамтои амрикоии худ Ҷо Байден дар заминаи пойбанд будан ва эҳтиром ба асли Чини ягона таъкид карда буд: “онҳое, ки бо оташ бозӣ мекунанд нобуд хоҳанд шуд.” 

Ҷо Байден низ ба Си Тзинпин гуфта буд, ки сиёсати Иёлоти муттаҳида дар хусуси Тайван тағйир накарда ва Вашингтон ба шиддат бо талошҳои якҷониба барои тағйири вазъияти мавҷуд ё тазъифи сулҳу субот дар саросари тангаи Тайван мухолиф аст. 

Вазорати хориҷаи Тайван рӯзи ҷумъа пас аз тамоси раисҳои ҷумҳури Чин ва Амрико эълом кард, ки Тайбэй ба амиқсозии ҳамкории амниятӣ наздики худ бо Иёлоти муттаҳида идома хоҳад дод. 

Аз сӯи дигар расонаҳои давлатии Чин рӯзи якшанбе ба нақл аз сухангӯи нерӯи ҳавоии ин кишвар эълом карданд, ки Пекин “қотеъона аз ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии худ муҳофизат хоҳад кард.” 

Матни “барои ҷанг омода шавед”, ки рӯзи ҷумъа аз сӯи як воҳиди Артиши озодибахши халқии Чин (артиши миллии ҷумҳурии халқи Чин) дар бахши назарҳои “Вибу”, шабака иҷтимоӣ мушобеҳи твиттер дар Чин мунташир шуд, беш аз як миллиону ҳаштсад ҳазор лайк дарёфт кард. 

Ҷо Байден рӯзи чаҳоршанбеи гузашта ба хабарнигорон гуфта буд, ки бино ба назари мақомоти артиши Иёлоти муттаҳида, сафари Нэнси Пелоси ба Тайван “дар ҳоли ҳозир идеяи хубе нест.” 

Сафари осиёии Пелоси ба кишварҳои ҳавзаи Ҳинд ва уқёнуси Ором дар замони ҳассосе барои раҳбарони Чин ва Иёлоти муттаҳида анҷом мешавад. 

Интизор меравад Си Тзинпин авохири соли ҷорӣ дар нишасти Кунгираи миллии халқ ба шакли бесобиқа барои севумин давраи риёсатҷумҳурии ин кишвар баргузида шавад, ин дар ҳолест, ки ҳизби демократ ба раҳбарии Ҷо Байден дар Иёлоти муттаҳида барои ҳифзи контроли Маҷлиси намояндагони Амрико дар интихоботи миёндавраии ноябр муборизаи сахте бо ҳизби рақиб пеши рӯ хоҳад дошт.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *