Рубрики Хабарҳо

Ноиби сарвазири Тоҷикистон Давлаталӣ Саид ҳам ба асардуздӣ муттаҳам шуд

Пойгоҳи интернетии Диссернет асардуздии Давлаталӣ Саид, ноиби сарвазири Тоҷикистонро ҳам ифшо кардааст.

Дар гузориши нави ин пойгоҳ, ки имрӯз нашр шудааст, гуфта мешавад Давлаталӣ Саид дар рисолааш “Маблағгузории саноат ва тақвияти иқтисодии Тоҷикистон” мавридҳои зиёде аз рисолаҳои олимони тоҷик Урақова Кибриё, Сафаров Сафар, Толибҷон Баҳромӣ, Қодиров Шавкат ва олимони рус рӯйбардор кардааст.

 

Давлаталӣ Саид 30 марти соли 1970 дар ноҳияи Данғара ба дунё омада, соли 1993 риштаи иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва соли 2008 Академияи хидмати давлатии вобаста ба Дастгоҳи президентии Русияро дар Маскав хатм кардааст.

Давлаталӣ Саид, ки аз хешовандони наздики раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аст, солҳои 1993-2005 дар Кумитаи идораи амволи давлатии Тоҷикистон кор карда, соли 2005, дар синни 35-солагӣ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ таъйин шуд.

Баъди ду соли кор дар ин мақом, Давлаталӣ Саидов солҳои 2007-2009 дар мақоми сафири Тоҷикистон дар Япония ифои вазифа кард ва 19 октябри соли 2009, дар синни 39-солагӣ раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон таъйин шуд.

19 ноябри соли 2013, баъди пирӯзии навбатии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи президентӣ, Давлаталӣ Саид ба мақоми муовини якуми сарвазири Тоҷикистон расид. Ӯ он вақт 43 сол дошт.

Давлаталӣ Саид аз камшумор аъзои ҳукумати Тоҷикистон аст, ки ба ҷуз аз забони русӣ, ба забони англисӣ низ балад мебошад. Ӯ бо ордени «Шараф”, дараҷаи 2 ва медали ҷашнии «20-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардидааст.

Исми Давлаталӣ Саид якуним сол пеш ба далели садамаи пурқурбоние бо ширкати писараш дар Душанбе расонаӣ шуда буд.

Мошини Фаромӯз Саидов шаби 10 сентябри соли 2016 дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳриДушанбе, дар рӯбарӯи Боғи ҳайвонот ба мошини Хадамоти коммуналии пойтахт, ки ба барчидани шиорҳои бозмонда аз ҷашни 25-солагии истиқлоли Тоҷикистон машғул буд, бархӯрд. Бар асари ин садама ронандаи мошини Хадамоти коммуналӣ Рустам Сатторов, сокини 30-солаи ноҳияи Варзоб ва ҳамсафари Саидов – сокини 25-солаи ДушанбеҲилола Раҳимова дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расиданд. Фаромӯз Саидовро, ки маҷрӯҳ шуда буд, ба бемористон бурданд.

Дар мавриди ин садама бар асоси қисми сеюми моддаи 212-уми Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт, ки аз беэҳтиётӣ боиси марги ду ёбештар шахсон гаштааст) парвандаи ҷиноятӣ кушоданд. Вале тафтишот ба натиҷае расид, ки садама ба сабаби аз кор мондани тормози мошин рух додааст.

Фаромӯз Саидов ҳоло дар яке аз донишгоҳҳои Полша таҳсил мекунад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *