Рубрики Pressa

Вақте, ки ҳақиқат тир хӯрд (идомаи мақола)


Паёми тақдир

Мазори Шариф. Соли 1975.

Муродуллоҳ пас аз анҷоми кор роҳи бозори китобфурӯширо пеш гирифт. Ҳангоми гузаштан аз назди Масҷиди Кабуд, назараш ба пирамарде афтод, ки китобҳои зиёд пеши рӯяш паҳн карда буд. Ӯ маълумот гирифта буд, ки Вазири геологияи СССР Евгений Александрович Козловский ба Кобул ташриф меорад. Ба ин хотир, мехост харитаи канданиҳои фоиданоки Афғонистонро дастрас кунад. Чанд муддате буд, ки онро мекофт. Ҳангоми суҳбат бо китобфурӯш нигоҳаш ба китоби фарсудае бархӯрд, ки ҷилди он кӯҳна ва коғазҳояш зардшуда буданд. Онро бардошт, «Капитал»-и Карл Маркс, бо забони форсӣ буд.

– Ин китоб аз куҷост?,- пурсид ӯ.

– Аз як муаллим, ки ба Эрон рафт. Китобҳояшро ба ман дод ва гуфт: «Шояд ба дарди касе хӯранд».

Муродуллоҳ китобро варақгардон кард. Дар саҳифаи аввал ҷумлае бо қалами сабз навишта шуда буд: «Агар дунёро нафаҳмӣ, онро дигар карда наметавонӣ».

Муродуллоҳ китобро харид ва ба утоқи кораш баргашт. Он шаб дергоҳ дар ҷойи кор монд. Лампаи заиф рӯи саҳифаҳо нур меафканд. Китобро мехонд ва ба саволҳо: Чаро меҳнат қадр надорад? Чаро одамони заҳматкаш ҳамеша дар норасоӣ умр мебаранд?… посух меҷуст.

Тарҷумаи форсии китоб нисбат ба матни русӣ баряш фаҳмотар буд. Забонаш шево, истилоҳоташ шинос. Он чӣ дар матн гуфта мешуд, ба воқеиятҳои ҳаррӯзаи зиндагӣ хеле наздик буд – ҳамон чизҳое, ки ӯ дар миёни коргарон, муҳандисон ва бозор медид.

Он китоб тасодуфӣ ба дасти ӯ наафтод. Гӯё паёме буд аз тақдир.

Он шаб хоб аз дидаи Муродуллоҳ парида буд. Китоби «Капитал»-ро рӯи миз гузошта, ҳиҷҷа карда, мехонд. Гоҳе механдид, гоҳе ба андеша фурӯ мерафт. Чӣ қадар чизҳое, ки то имрӯз ба назараш оддӣ мерасиданд, акнун шакли дигар мегирифтанд. Ӯ дар ҳар саҳифаи китоб чизе меёфт, ки мисли ойина воқеиятр нишон медод.

Ҳар банди китоб – арзиши меҳнат, суди сармоядор, фурӯши неруи кор на фақат назария буданд, балки айнан дар зиндагии ҳаррӯзааш ҷой доштанд. Ӯ пеши назар овард, ки чӣ тавр коргарон дар гармои тоқатфарсо хаставу хомӯш меҳнат мекарданд, вале дар анҷоми моҳ музди ночиз мегирифтанд. Ё чӣ тавр баъзеҳо бе меҳнат сарват меандӯхтанд. Ҳамаи инро дида буд, эҳсос карда буд, вале то ҳол барои фаҳми равшани онҳо забони баён наёфта буд. Акнун ин китоб, бо забони худӣ ва калимаҳои шинос, ба саволҳояш ҷавоб медод.

Муродуллоҳ дарк кард, ки «Капитал» фақат китобе дар бораи иқтисод нест, он китобест дар бораи одамон, дар бораи набарди ноаёни онҳо барои зиндагии беҳтар ва дар бораи низоме, ки ҳар кӣ тавонотар аст, бештар мегирад.

Барояш равшан шуд: барои он ки зиндагӣ тағйир ёбад, аввал бояд фаҳмид, ки чаро чунин аст. Ва мутолиаи ин китоб ӯро ба роҳи нав бурд – роҳи андеша, роҳи ҷустуҷӯи ҳақиқат ва роҳи дидани ҷаҳони кору заҳмат бо чашми дигар.

Аз ҳамон шаб, китобро ҳамеша дар канораш нигоҳ медошт. На ҳамчун ёдгорӣ, балки ҳамчун як дӯсти хомӯш, ки ҳар гоҳ лозим ояд, метавон ба он муроҷиат кард ва посухи дуруст ёфт.

Пас аз чанд рӯз андешае ба сараш омад ва ӯ ба устодаш Ҳабиб Аҳрорӣ нома навишт.

Нома ба Ҳабиб Аҳрорӣ

Устоди гиромиқадр Ҳабиб Аҳрорӣ!
Чанде пеш дар бозори кӯҳнаи китоб, дар Мазори Шариф, нусхаи форсии «Капитал»-и Карл Маркс ба дастам афтод. Китоб фарсудаву ҷилдкӯҳна, вале муҳтавояш мисли чашмае равшан ва тоза аст. Онро шабҳо то субҳ мехондам ва ҳар ҷумла ба қалби ман роҳ меёфт, на ба хотири ғояҳои сиёсӣ, балки аз он рӯ, ки дар зери суханони иқтисодӣ як ҳақиқати зиндагии мардумро эҳсос кардам.

Забони ин тарҷума равон аст, пур аз калимаҳои шинос ва рӯҳи гуфтугӯ бо мардум дорад, чизе ки ман дар тарҷумаҳои русии он надида будам. Бовар дорам, ки агар ин китоб ба мардуми мо бо забони худии кириллӣ бирасад, метавонад як дунёи андешаи нав ба бор оварад.

Ба ҳамин хотир, бо эҳтироми бузург ба шумо муроҷиат мекунам:
Мехоҳам бо к
умак ва маслиҳати Шумо нусхаи форсии «Капитал»-ро ба хати кириллӣ баргардонам. Бо сабки равон, содда ва қобили дарк барои хонандаи тоҷик. На барои муборизаҳои идеологӣ, балки барои равшан кардани фикр ва фаҳми иҷтимоии насли мо.

Аммо як масъала ҳаст, ки мехоҳам бо эҳтиёт ва маслиҳати шумо баррасӣ шавад. Шумо хуб медонед, ки дар Маскав ҳанӯз ба ҳаргуна талош барои наздиксозии тоҷикони Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Эрон бо чашми дигар менигаранд. Онҳо аз ваҳдати фикрии ин се ҷиноҳи як миллат эҳсоси нороҳатӣ мекунанд. Аз ин рӯ, мо бояд дар ин кор каме бо эҳтиёт амал намоем.

Масъалаи дигаре, ки аҳамияти хос дорад, забон аст. Мақсади мо танҳо тарҷумаи зоҳирии матн нест, балки ҷустуҷӯи забоне аст, ки барои хонандаи тоҷик шевову фаҳмо бошад, дар айни замон руҳи ориёна ва фарҳангии матнро ҳам нигоҳ дорад. Дар ин роҳ маҳз Шумо устоди варзидаи тарҷума ва мутахассиси забон метавонед барои ман раҳнамои воқеӣ бошед. Бо эҳтиром ва чашм ба роҳи маслиҳат, шогирди шумо,

Муродуллоҳ Шералиев,
Мазори Шариф,
соли 1975

Чароғи ҳидоят

Дар таърихи зиндагии шахсиятҳои андешаманд лаҳзаҳое ҳастанд, ки на ҳамчун рӯйдоди бузурги сиёсӣ, балки чун як гардиши ботинӣ, як бедории ором, вале амиқ дар зеҳн нақш мебанданд. Барои Муродуллоҳ Шерализода чунин лаҳза ҳамон субҳи хомӯши Мазори Шариф дар соли 1975 буд, вақте ки нусхаи фарсудаи тарҷумаи форсии «Капитал»-и Карл Маркс ба дасташ афтод.

Аз ҳамон рӯз, «Капитал» барои ӯ фақат китоби сиёсӣ ё назариявӣ набуд. Он ба як мактаб табдил ёфт – мактаби тафаккур, мактаби фаҳмиши ҷомеа, мактаби эҳсоси масъулият дар баробари тақдири мардум. Забони форсии равон, бо шеваи гуфтугӯйӣ ва образҳои фаҳмо, китоби душвори иқтисодиро ба як суҳбати рӯ ба рӯ бо хонанда табдил медод. Ҳар ҷумла барои ӯ на танҳо назария, балки таҷассуми воқеияти корхона, бозор, саҳни сохтмон ва гуфтугӯ бо коргар буд.

Ҳарчанд Муродуллоҳ талош кард, ки ин тарҷумаро ба хати кириллӣ баргардонад, то ба хонандаи тоҷикзабони Осиёи Марказӣ наздиктар шавад ва бо ин амали худ пули фарҳангии наве байни тоҷику форс бино кунад, сарнавишти ин тарҷума номаълум монд. Посухи Ҳабиб Аҳрорӣ ҳам чӣ гуна буд, то имрӯз маълум нест.

Шояд хомӯшии устод ангезаҳои сиёсӣ дошт. Шояд эҳсоси эҳтиёт дар муқобили Маскав ва сиёсати боздорандаи он аз наздикшавии тоҷикони ду соҳил сабаби он шуд. Дар он айём ҳар гуна кӯшише барои ҳамзабонӣ ва ҳамтафаккурӣ байни тоҷикони Афғонистону Осиёи Марказӣ, ҳатто агар сирф илмӣ ҳам мебуд, ба чашми шубҳа дида мешуд.

Аммо муҳим он аст, ки ин ният, ин ормон, ки аз як китоби фарсудаи бозори кӯҳнафурушии Мазори Шариф оғоз шуд, дар рӯзгори минбаъдаи Муродуллоҳ Шерализода ба таври возеҳ ҳузур дошт. Таҳқиқотҳои ӯ дар соҳаи идеология, маводи илмӣ-оммавияш дар рӯзномаҳо, гуфтугӯҳояш бо донишҷӯёну муҳандисон, ҳама гувоҳи он буданд, ки “Капитал” дар ҳаёти ӯ як рӯйдоди рӯҳӣ буд, на танҳо китобе дар рафи китобхона.

Ин оғоз буд иқдомеро, ки шояд ба анҷом нарасид, аммо тафаккурро кушод. Ва шояд маҳз ҳамин кофист, ки дар миёни манфиатҳо, таблиғот ва идеологияҳои фиребанда, дар торикии замони шоҳигарӣ дар Мазори Шарифи Афғонистон ва маҳдудсозии манфиатҳои миллӣ дар даврони шӯравӣ, як нафар чароғе афрӯхт, ки рӯзе метавонад роҳи насли ояндаи тоҷиконро ба сӯйи бедорӣ ва шуури миллӣ равшан созад.

Садои бедорӣ

вақте сиёсат чеҳраи аслии худро нишон дод

Соли 1976. Шаҳри Кобул.
Вазири геологияи СССР Козловский Евгений Александрович ба Афғонистон ташриф овард. Ӯ на танҳо мутахассиси баландпоя, балки яке аз чеҳраҳои асосии пешбарандаи сиёсати захираҳои табиии Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешуд. Мақсади эълоншудаи сафари ӯ таҳкими ҳамкорӣ бо мутахассисони афғон дар соҳаи геология буд.

Вале Муродуллоҳ Шерализода, ки кор дар соҳаи нафту гази Афғонистон, тарҷумаи ҳисоботу ахбороти иқтисодию сиёсӣ, омӯзиши сарчашмаҳо чун “Капитал” ӯро пухта карда буд, мақсади аслиро хуб медонист. Ӯ шоҳиди ҳар ду рӯи воқеа, суханони расмӣ ва нияти пинҳонӣ буд.

Дар ҷаласаи умумӣ, ки бо ҳузури ҷониби Афғонистон баргузор шуд, суханон зебо ва умедбахш буданд. Ҳама аз дӯстӣ, ҳамкорӣ ва рушди муштарак сухан гуфтанд.

Аммо ҷаласаи дуюм, ки дар доираи маҳдуд танҳо барои мутахассисони шӯравӣ баргузор гардид, чеҳраи воқеии сиёсати геологии Иттиҳоди Шӯравиро нишон дод.

Козловский ором, қатъӣ ва бидуни истиҳола гуфт: “Захираҳои зеризаминии СССР бояд барои наслҳои оянда нигоҳ дошта шаванд. Мо ҳақ надорем сарвати худро барҳадар диҳем. Аммо захираҳои кишварҳои дигар бояд пурра ва оқилона ба нафъи мо истифода шаванд. Афғонистон имкони нодирест. Бояд онро аз даст надиҳем”.

Ин суханон бо забони содда гуфта шуданд, вале маъниашон амиқ ва ҳадафмандона буд. Муродуллоҳ онҳоро шунид ва хомӯш монд. Аммо дар зеҳнаш саволе бедор шуд: “Бо мо ҳам чунин мекунанд? Агар мо худ ба фикри сарвати миллии хеш набошем, пас кӣ хоҳад буд? Агар мо онро ҳифз накунем, кӣ ба хотири наслҳои оянда онро нигоҳ хоҳад дошт?».

Он шаб хоб аз сараш парид. Ҳақиқате талх рӯшан шуд: он чӣ дар Кобул дид, метавонад рӯзе ба сари Тоҷикистон низ ояд. Агар мо бедор набошем, чашмони бегонагон ҳамеша ба дороии мо дӯхта хоҳад монд.

Ӯ фаҳмид: сарват танҳо маъдану замин нест – сарват дониш аст, шуур аст, огоҳии таърихӣ ва эҳсоси масъулият нисбат ба сарнавишти миллат.

(Давом дорад)

Шариф ҲАМДАМПУР

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *